Яман "пайкорҷӯёнро дар либоси мубаддали занона" куштааст
Image copyrightReutersНерӯҳои амниятии Яман ба чандин пайкорҷӯи мазнуни гурӯҳи Алқоъида, ки саропо либоси мубаддали занона пӯшида буданд, дар наздикии марзи Арабистон шиллик кардаанд.
Мақомоти ин кишвар мегӯянд даргирӣ пас аз он оғоз шуд, ки яке аз онҳо ба тарафи сарбозе шиллик кард, ки машғули бозрасии худрави онҳо буд.
Яке аз гузоришҳо аз қавли як мақоми яманӣ нақл кардааст, дар ин ҳодиса се пайкорҷӯ кушта шудаанд, дар ҳоле ки як гузориши дигар теъдоди кушташудагонро панҷ нафар зикр кардааст.
Шохаи ямании Алқоъида аз ҳарҷу марҷҳои баъд аз суқути раиси ҷумҳури пешини ин кишвар баҳрабардорӣ мекунад то бахшҳое аз ҷануб ва шарқи ин кишварро дар даст бигирад.
Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз мақомҳои амниятии Яман нақл карда, ки худрави ҳомили пайкорҷӯёни Алқоъида дар як гузаргоҳи марзӣ дар минтақаи Ҳавза дар шимоли Яман мутаваққиф шуда буд.
Ин хабаргузорӣ аз қавли мақомҳои яманӣ нақл кардааст, ин сарбоз се пайкорҷӯро кушта ва худаш каме захмӣ шудааст.
Ронандаи худрав низ, ки захмӣ шуда, эътироф карда ба ҳамроҳи аъзои кушташудаи Алқоъида маъмурият доштаанд, то ба горди марзии Арабистон ҳамла кунанд.
Хабаргузории Фаронса ҳам аз қавли мақомҳои амниятии Яман навишта ин худрав ҳомили панҷ мазнуни гурӯҳи Алқоъида буд, ки ҳамаи онҳо барои пӯшондани худ ниқоб ва чодари шабеҳи ҳиҷоби занони яманӣ ба тан доштанд.
Як мақоми давлатӣ ба хабаргузории Фаронса гуфтааст ба маҳзи ин ки сарбози яманӣ барои бозрасӣ вориди утубуси ҳомили ин панҷ нафар шуда, яке аз онҳо ба тарафи ӯ оташ гушуда ва ба дунболи он бақияи сарбозон ҳам ба утубус шиллик карданд. Пайкорҷӯёни Алқоъида дар ду суи марзҳои Яман ва Арабистони Саъудӣ фаъол ҳастанд. Онҳо дар тобистони гузашта шаш афсари амниятии Яманро дар як пусти бозрасии марзӣ куштанд.
Аз замони эътирозҳои зиди давлатӣ дар соли 2011, ки мунҷар ба суқути Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раиси ҷумҳури ин кишвар шуд, ҳарҷу марҷ дар Яман ҳоким аст.
