Хабарнигори гаравгон дар Яман дар ҷараёни амалиёти наҷот кушта шуд

  • 6 Декабр, 2014
Лук СомерзImage copyrightEPA
Image caption Оқои Сомерз дар соли 2013 дар Санъо, пойтахти Яман, тавассути нерӯҳои Алқоъида ба гаравгон гирифта шуд

Гузоришҳо ба нақл аз мақомоти омрикоӣ ҳокист, ки Лук Сомерз, хабарнигори омрикоии гаравгонгирифташуда тавассути нерӯҳои Алқоъида дар Яман дар ҷараёни амалиёти наҷот кушта шудааст.

Пештар гузоришҳо аз анҷоми амалиёти низомии муштараки ҷадиде бо ҳузури нерӯҳои омрикоӣ ва яманӣ барои озодии оқои Сомерз ҳикоят дошт.

Оқои Сомерз дар соли 2013 дар Санъо, пойтахти Яман, тавассути нерӯҳои Алқоъида ба гаравгон гирифта шуд.

Оқои Сомерз, 33-сола, барои хабаргузориҳои маҳаллӣ кор мекард ва гузоришҳо ва аксҳояш дар расонаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла вебсойти Би-би-сӣ, мунташир мешуд.

Вазири дифоъи Яман таъйид карда, ки амалиёти муҳимме дар устони Шабва, дар ҷануби он кишвар, барои наҷоти ин хабарнигор сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи мақомоти яманӣ, нуҳ пайкорҷӯи Алқоъида тавассути яке аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Омрико дар устони Шабва кушта шудаанд.

Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ Вазорати дифоъи Омрико (Пентогун) таъйид кард, ки амалиёти қаблӣ барои наҷоти Лук Сомерз бо шикаст мувоҷеҳ шудааст.

Дар видеуе, ки рӯзи чаҳоршанбеи 3 ноябр мунташир шуд, яке аз аъзои Алқоъида дар шибҳиҷазираи Арабистон таҳдид кард, дар сурате, ки хостаҳои онҳо бароварда нашавад, Лук Сомерзро хоҳад кушт.

Рӯзи гузашта хонаводаи Лук Сомерз бо интишори видеуе аз пайкорҷӯёни Алқоъида дар Яман дархост карданд, то бо нишон додани раҳму шафақат ӯро озод кунанд.

Омрико пайкорҷӯёни Алқоъида дар шибҳиҷазираи Арабистонро яке аз хатарноктарин шохаҳои ин шабака медонад. Ин гурӯҳ дар шарқи Яман мустақар аст ва дар замони нооромиҳои пас аз суқути Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раиси ҷумҳурии собиқи Яман, дар соли 2011 дар ин кишвари фақир қудрати бештаре гирифтааст.

Матолиби муртабит