Ҳусиҳо иқоматгоҳи нахуствазири Яманро муҳосира карданд

  • 20 Январ, 2015
Image copyrightEPA
Image caption Рӯзи душанбе Санъо, пойтахти Яман, саҳнаи даргирӣ ва инфиҷор буд

Дар поёни рӯзе, ки Санъо, пойтахти Яман, шоҳиди даргириҳои сангин буд, сухангӯйи давлати ин кишвар эълом кард, ки шибҳнизомиёни шиъаи ҳусӣ, Кохи ҷумҳурӣ, иқоматгоҳи нахуствазирро муҳосира кардаанд.

Ба нақл аз як сухангӯйи давлат гузориш шуд: "Мардони мусаллаҳ кохро муҳосира кардаанд ва нахуствазир дохил аст."

Пеш аз он вазири иттилоърасонии Яман аз талош барои кудето дар ин кишвар хабар дода буд.

Чанд соъат баъд аз авҷгирии даргириҳо мақомоти Яман эълом карданд, ки оташбаси миёни артиш ва шибҳнизомиёни ҳусӣ барқарор шудааст.

Ҷалол Равишон, вазири кишвари Яман, гуфт, ки оташбас баъд аз музокираи намояндагони ҳусиҳо ва давлат барқарор шуда ва қарор аст кумитае барои назорат бар он ташкил шавад.

Шаҳри сепора

Аз субҳи рӯзи душанбеи 19 январ пойтахти Яман шоҳиди даргирии шадид миёни шибҳнизомиёни шиъаи ҳусӣ ва нерӯҳои артиши ин кишвар буд

Дар сартосари шаҳр садои тирандозӣ шунида мешуд. Дар ҷараёни даргириҳо гулӯлаҳои хумпора ба атрофи кохи раёсати ҷумҳурӣ исобат кард.

Ҳадди ақал ҳашт кушта дар ин рӯз гузориш шуд.

Шоҳидони айнӣ ба хабаргузории Фаронса гуфтанд даргирӣ пас аз он шурӯъ шуд, ки шӯришиёни бештаре дар наздикии кохи раёсати ҷумҳур мустақар шуданд ва дар муқобил горди раёсати ҷумҳурӣ сарбозонро ба хиёбонҳои атрофи кох фиристод.

Ин шадидтарин даргириҳо аз замони вуруди шӯришиён ба пойтахт дар моҳи сентябр аст.

Нодия Сақоф, вазири иттилоърасонии Яман, гуфт, ки се гурӯҳи мухталиф - нерӯҳои артиш, шибҳнизомиёни шиъаи ҳусӣ ва нерӯҳои мусаллаҳи вафодор ба Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раиси ҷумҳури собиқ - кунтрули манотиқи мухталифи шаҳрро дар даст доранд.

Хонуми Сақоф пешбинӣ карда буд, ки то поёни рӯзи сешанбе шоҳиди зуҳури "Ямане ҷадид" хоҳем буд.

Даргириҳои душанбе дар ҳоле рух дод, ки пеш аз он ҳусиҳо ва нерӯҳои давлатии Яман бо оташбас мувофиқат карда буданд.

Даргириҳои рӯзи душанбеи Яман дар паи интишори пешнависи Қонуни асосӣ сурат гирифт. Шӯришиёни ҳусиҳо башиддат бо ин пешнавис мухолиф ҳастанд.

Ин гурӯҳи шиъа пойгоҳашон дар шимоли Яман аст ва гуфта мешавад мавриди ҳимояти Эрон ҳастанд, аз авохири тобистони гузашта кунтрули бахшҳои бузурге аз Санъо, пойтахтро ба даст гирифтанд.

Вазъияти амниятӣ дар Яман пас аз канорагирии Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ вахимтар шудааст.

Бар асоси тавофуқе к пештар бо Абдрабуҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури Яман, ҳосил шуда буд, ҳусиҳо қавл дода буданд пас аз ташкили давлати тозаи ваҳдати миллӣ аз пойтахт ақибнишинӣ кунанд.

Бо ин ҳол, шӯришиён ҳанӯз дар саросари шаҳр мустақар ҳастанд ва кунтрули чанд бахши суннинишин дар марказ ва ғарби шаҳрро ба даст гирифтаанд.

Матолиби муртабит