Ҳушдори Вазорати хориҷаи Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон вазъияти амниятӣ дар Яманро мушанниҷ арзёбӣ карда ва аз атбоъи тоҷик хостааст, то аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.
Ҳамзамон, дар баёнияи ин вазорат аз шаҳрвандони Тоҷикистон , ки ҳамакнун дар Яман ба сар мебаранд, даъват шудааст то “эҳтиёткор бошанд ва дар сурати ташдиди вазъият” ин кишварро тарк кунанд.
Дар ин баёния ба афзоиши мавориди одамрабойӣ, бахусус, рабуда шудани атбоъи хориҷӣ дар Яман низ ишора шудааст.
Зимнан, дар рӯзи 29 октябри соли ҷорӣ Гулрухсор Рофиеваи 36-сола, парастори тоҷик, ки дар бахши занонаи бемористони низомии шаҳри Маъриби Яман фаъъолият мекард, аз ҷониби афроди номаълум рабуда шуд.
То ба ҳол талошҳои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва ширкати “Здравэкспорт”-и Русия, ки хонуми Рофиева корманди он маҳсуб мешавад, барои озодии Гулрухсор Рофиева натиҷае надодааст.
Дар соли 2011 Ҳомидҷон Очилбоеви 60-сола низ, ки бар асоси қарордод бо ширкати “Техносторой”-и Русия дар бемористони шаҳри Аттоқи вилояти Шабаҳи Яман ба ҳайси ҷарроҳ кор мекард, аз ҷониби афроди номаълум рабуда шуд.
Пас аз 43 рӯзи асорат бо талошҳои давлати Яман ва ба ивази озод шудани чанд узви гурӯҳи мусаллаҳ аз зиндон оқои Очилбоев раҳо шуда буд.
Як манбаъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ба далели он ки атбоъи Тоҷикистон умдатан аз тариқи Русия ё кишварҳои дигари мустақили ҳамсуд ба Яман рафтаанд, теъдоди феълии шаҳвардони тоҷик дар ин кишвар мушаххас набудааст.
