Алқоъидаи Яман масъулияти ҳамла ба Шолӣ Эбдуро ба уҳда гирифт

  • 14 Январ, 2015
Image copyrightReuters

Алқоъидаи Яман расман масъулияти ҳамлаи ҳафтаи гузашта ба дафтари маҷаллаи фаронсавии Шорлӣ Эбдуро ба уҳда гирифт.

Раҳбари ин гурӯҳ дар паёме видиюӣ эълом кардааст, ки муҳоҷимон ба Шорлӣ Эбду дастур доштанд, ки ба хотири "тавҳин ба паёмбари ислом" ба дафтари ин маҷалла ҳамла кунанд.

Дар ҳамлаи ҳафтаи гузаштаи бародарон Квошӣ ба дафтари Шорлӣ Эбду 12 нафар кушта шуданд. Пештар ахборе аз иртиботи ин ду бо шохаи Алқоъида дар Яман мунташир шуда буд.

Дар паёми видиюӣ омадааст: "Созмони Алқоъида дар нимҷазираи Арабистон масъулияти амалиёти интиқоми расули Худо"-ро ба уҳда мегирад.

Носир бинни Алӣ Оли Инсӣ, аз раҳбарони Алқоъидаи Яман, гуфтааст раҳбарии ин созмон "интихоби ҳадаф, барномарезӣ ва таъмини молии амалиёт"-ро анҷом додааст.

Иман Алзавоҳирӣ, раҳбари созмони Алқоъида, пештар аз мусалмонон хоста буд, ки бо ҳар василае ба аҳдофе дар кишварҳои ғарбӣ ҳамла кунанд.

Матолиби муртабит