Пулис мазнунони ҳамла ба маҷалла дар Порисро муҳосира кард
Image copyrightAPИн матлаб дигар баруз намешавад.
12:49 GMT
Расонаҳои Фаронса аз гаравгон гирифтани ду нафар дар ҷараёни тирандозӣ дар як мағозаи яҳудӣ дар Порис хабар додаанд. Гуфта шуда эҳтимолан ҳамлакунанда ба ин мағоза ҳамон фарди мусаллаҳе бошад, ки рузи гузашта як зани пулисро ҳадафи гулула қарор дода буд. Дар ҳоли ҳозир пулис ин минтақаро тахлия кардааст.
12:37 GMT хабари фаврӣ
Гузоришҳо аз вуқуъи тирандозӣ дар як мағозаи яҳудӣ дар ҷанубу шарқи Порис ҳикоят дорад.
12:21 GMT
Яке аз сухангӯёни вазорати кишвари Фаронса гуфтааст, ки тирандозиҳои имрӯз талафоте надоштааст. Пештар расонаҳо аз кушта шудани як нафар гузориш карда буданд.
12:15 GMT
Он идда даста аз коркунони маҷаллаи Шорлӣ Ебду, ки аз ҳамлаи рӯзи чоршанбе ҷон ба саломат бурдаанд барои омода кардани матолиби шумораи баъдии ин нашрия ба унвони "шумораи бақо" ба маҳалли кори худ рафтаанд. Онон гуфтаанд, ки дар назар доранд ин шумораро ба ҷойи тирожи маъмули шаст ҳазор нусха ба тирожи як милюн нусха чоп кунанд то нишонаи муқовимат дар баробари хушунат ва терурисм бошад.
12:01 GMT
Крис Мурис, хабарнигори Би-би-сӣ авзоъ дар шаҳри Домортанро "ором" тавсиф карда ва гуфтааст, ки пулис дар атрофи сохтмони чопхона, ки мазнунон дар он пинҳон шудаанд, мустақар шудаанд.
11:57 GMT
Хабаргузории Асошиейтед Пресс ба нақл аз як мақоми маҳаллии ҳозир дар мақари фармондеҳии амалиёти дастгирии ду мазнуни ҳамла ба дафтари Шорлӣ гузориш карда, ки ин ду бародар дар тамоси телефунӣ гуфтаанд, ки мехоҳанд ба шаҳодат бирасанд. Дар ин тамоси телефунӣ мақомоти маҳаллӣ дар мавриди тахлияи амни як мадрасаи воқеъ дар наздики сохтмони чопхона, маҳалли ин ду нафар музокира карданд ва тавофуқи бародаронро ба даст оварданд.
11:43 GMT
Хабаргузории Фаронса: Сухангӯи пулис гуфтааст, ки байни фарди мазнун ба тирандозӣ ва қатли пулиси зан дар рузи гузашта ва ду бародари омили ҳамла ба Шорлӣ "иртибот" вуҷуд дорад.
11:22 GMT
Тавсире аз сохтмони чопхонае, ки гуфта шуда ду мазнуни ҳамла ба маҷаллаи Шорлӣ Ебду дар он пинҳон шудаанд, мунташир шуд.
Рӯзномаи донморкии Юлондес Пуст гуфтааст, ки ба далели нигарониҳои амниятӣ қасд надорад корикотурҳои маҷаллаи Шорлӣ Ебдуро ки дорои мазомини исломӣ аст чоп кунад. Ин рузнома гуфтааст, ки нигарони амнияти коркунонаш аст. Ин рузнома даҳ сол пеш бо чопи корикотурҳое аз паёмбари ислом боъиси барангехтани хашми мусалмонон дар саросари ҷаҳон шуд.
11:12 GMT
Чандсад тан аз нафароти пулис ва артиши Фаронса ба шаҳри Домонт-Он-Гуол эъзом шудаанд ва гуфта шудааст ду бародари омили ҳамлаи дафтари нашрияи Шорлӣ Ебдуро дар муҳосира гирифтаанд. Ин ду нафар дар як сохтмони мутааллиқ ба як чопхона мавзеъ гирифтаанд ва ба гуфтаи сухангуи вазорати кишвари Фаронса, тамомии минтақа барои рафту омад масдуд шудааст.
11:12 GMT
Хабаргузории Ройтерз дар як гузориши ихтисосӣ ба нақл аз як мақоми иттилоъотии Яман навиштааст, ки Саъид Куошӣ, яке аз мазнунон бар авоили соли 2011 ба Яман сафар кард ва бо Анвар Алавалқӣ, аз мубаллиғини мазҳабии вобаста ба Алқоида шибҳаҷазираи Араб дидор дошт. Алавалқӣ ки шаҳрванди Омрико буд, дар тарвиҷи ақоиди Алқоида дар кишварҳои ғарбӣ муассир буд. Ӯ дар сентябри соли 2011 дар ҷараёни ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини созмони Си Ай Эй дар Яман кушта шуд.
10:58 GMT
Гаштзании нерӯҳои мусаллаҳи имниятӣ дар нуқоти ҳассоси шаҳри Порис назири Бурҷи Ейфел идома дорад.
10:49 GMT
Нахуствазири Фаронса бо ибрози ҳамдардӣ бо давлат ва миллати Фаронса ба муносибати кушта шудани 12 нафар дар ҳамлаи мусаллаҳона ба дафтари як нашрияи ҳаҷвӣ гуфтааст, ки фаронсавиён "дар муқобала бо терурисм муттаҳид ҳастанд."
10:45 GMT
Расонаҳои Фаронса мегӯянд, пулис бо ду нафаре, ки иқдом ба гаравгонгирӣ дар сохтмонои як ширкат воқеъ дар 40 килуметрии шимолу шарқи Порис кардаанд, тамос гирифта. Занни он меравад, ки гаравгонгирҳо ду бародаре бошанд, ки ба дафтари маҷаллаи Шорлӣ Ебду ҳамла карда ва 12 нафарро куштаанд.
10:44 GMT
Дунолд Туск, раиси Иттиҳодияи Урупо гуфтааст, ки ҳамла ба Шорлӣ Ебду бори дигар аҳамияти тарҳи саҳим шудани кишварҳои узви Иттиҳодия дар иттилоъоти марбут ба мусофиратҳои ҳавоиро гушзад мекунад. Бар асоси ин тарҳ кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо ба чандин даҳаи иттилоъоти марбут ба ҳама мусофирони ҳавоии вурудӣ ва хуруҷӣ аз ин кишварҳо дастрасӣ хоҳад дошт. Ин тарҳ тавассути кумиссюни Урупо - бозуи иҷроии Иттиҳодия - тавсия шуда буд, аммо порлумони Урупо ба далели фишори гурӯҳҳои ҳуқуқи маданӣ бо он мухолифат кардааст. Ба гуфтаи манобеъи хабарӣ яке аз мазнунини ҳамла ба Шорлӣ Ебду сафарҳои машкуке ба хориҷ доштааст.
10:36 GMT
Раисҷумҳурии Фаронса гуфтааст, ки бояд аз ҳузури тамоми шаҳрвандони Фаронса дар тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи ҳамла ба Шорлӣ Ебду истиқбол шавад.
10:33 GMT
Раисҷумҳури Фаронса гуфтааст, ки барои ҳифзи амнияти барномаи гирдиҳамоии маҳкумияти ҳамла ба Шорлӣ Ебду лозим аст, "иқдомоти вижа" иттихоз шавад. Бархе аз гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоъӣ нисбат ба мушорикати ҳизби ростгарои ҷабҳаи миллии Фаронса дар ин гирдиҳамоӣ ибрози нохурсандӣ кардаанд. Ин ҳизб башиддат бо муҳоҷирати хориҷиён мухолиф аст ва бархе аз аъзои он аз муҷозоти эъдом барои муртакибони иқдомоти теруристӣ ҳимоят кардаанд.
10:24 GMT
Вазорати кишвари Фаронса гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд касоне ки дар як сохтмоне мавзеъ гирифтаанд ҳамон ду нафаре ҳастанд, ки ба дафтари Шорлӣ Ебду ҳамла карданд ва 12 нафарро куштанд.
10:24 GMT
Расонаҳои хабарӣ гуфтаанд, ки ду моҳоҷим ба дафтари Шорлӣ аз волидайни алҷазоирӣ зода шуда ва дар синини 30-солагӣ ҳастанд. Яке аз онҳо чанд сол пеш ба хотири талош барои сафар ба Ироқ боздошт ва зиндонӣ шуд. Пулис гуфтааст, ки онон "мусаллаҳ ва бисёр хатарнок" ҳастанд.
10:05 GMT
Пулис аз мардуми Дамортан хостааст дар хонаҳои худ бимонанд.
09:58 GMT
Ба гуфтаи расонаҳои хабарии Фаронса пулис мазнунон ба тирандозӣ ва қатли як зани пулис дар минтақаи Мунтервеж, воқеъ дар ҳумаи Порисро шиносоӣ кардааст. Ин маъмури пулис дар посух ба тамоси телефунӣ дар бораи ҳодисаи тасодуфи утумубил ба маҳал рафта буд, ки ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт. Бархе расонаҳо гуфтаанд, ки ду фарди "наздик" ба мазнунони аслии ин тирандозӣ боздошт шудаанд.
09:58 GMT
Пйер Искофелд хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Дамортан мегӯяд ҳазорон пулис ва нерӯи муқобала бо терурисм дар атрофи ин шаҳри кучак мустақар шудаанд.
09:51 GMT
Вазорати кишвари Фаронса гуфтааст, ки "тақрибан қатъӣ аст", ки гаравгонгирҳо ҳамон мазнунони ҳамла ба дафтари Шорли Ебду ҳастанд.
09:38 GMT
Мақомоти фурудгоҳи Шорл де Гул, гуфтаанд, ки бонди шимолии фурудгоҳро масдуд карда ва масири шуморе аз парвозҳоро тағйир додаанд. Ҳарчанд далели ин иқдом эълом нашуда, аммо гуфта м ешавад шаҳри Дамортан дар наздикии ин маҳал воқеъ аст.
09:33 GMT
Гузоришҳо ҳамчунин аз бурузи талафоте дар ҷараёни тирандозӣҳои шадид ҳикоят доранд.
09:31 GMT
Расонаҳои Фаронса аз эҳтимоли гаравгонгирӣ тавассути мазнунони ин ҳодиса хабар додаанд.
9:26 GMT
Гузориш ҳамчунин ҳокӣ аст, ки мазнунон худраве дигареро сирқат кардаа ва ба самти Порис ҳаракат кардаанд. Гуфта мешавад ки дар ҳоли ҳозир мазнунон вориди муҳавватаи ширкати сохтмонӣ дар наздикии шаҳри Дамортан-он-Гуил шудаанд. Пулис ин сохтмонро ба муҳосираи худ дароварда ва ҳеликуптарҳо бар фарози сохтмон дар ҳаракатанд.
09:23 GMT
Манобеъи пулис гуфтаанд 48 соъат пас аз ҳамлаи хунбор ба дафтари маҷаллаи Шорлӣ Ебду ки ба кушта шудани 12 нафар мунҷар шуд, амалиёти гуфтардае барои дастгирии омилони ин ҳодиса дар ҷараён аст.
09:22 GMT
Дар ҳоле ки пулиси Фаронса дар таъқиби ду бародари мазнунон ба ҳамла ба давтари нашрияи Шорлӣ Ебду аст, гузоришҳо аз шунида шудани садои тирандозӣ дар шимолу шарқи Порис ҳикоят доранд.
09:22 GMT
Салом. Бо тозатарин таҳаввулоти марбут ба ҳамла ба дафтари маҷаллаи Шорлӣ Ебду дар Фаронса бо мо ҳамроҳ бошед.
