Шорлӣ Ебду: Пулиси Фаронса ҳафт нафарро боздошт кард
Image copyrightFRENCH POLICE AFPПулиси Фаронса дар чорчӯби амалиёти ҷустуҷӯи ҳамлагарон ба дафтари маҷаллаи ҳаҷвии Шарлӣ Ебду дар Порис, ки дар натиҷаи он 12 нафар кушта шуд, ҳафт нафарро боздошт кардааст.
Ин ҳафт нафар хешовандони ду бародари мазнун дар ин ҳамла ҳастанд, ки пулис онҳоро ҷустуҷӯ мекунад. Боздоштҳо дар шаҳрҳои Реймс, Шорлевил Мезер ва Порис сурат гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол дар ҷараёни тирандозӣ дар як истгоҳи метру дар Порис як маъмури пулис захмӣ шудааст. Ба гузориши манобеъи хабарӣ дар ҷараёни ин тирандозӣ як мард боздошт шуда, аммо маълум нест, ки оё ин боздошт бо млҷарои ҳамла ба дафтари маҷаллаи Шорлӣ Ебду дар рӯзи чоршанбе иртибот дошта бошад.
Рӯзи панҷшанбе дар Фаронса рӯзи азои миллӣ ба ёди кушташудагони ин ҳамла, аз ҷумла ҳашт хабарнигори маҷаллаи Шорлӣ Ебду ва ду корманди пулис эълом шудааст.
Соъати 12 зуҳри имрӯз дар саросари Фаронса дақиқаи сукут сурат гирифта ва калисои Порис зангула хоҳад зад.
Пештар пулиси Порис тасовири бародарон Саъид Каучӣ ва Шариф Каучиро, ки дар ҳамла ба маҷалла мазнун дониста мешаванд, мунташир карда буд.
Расонаҳои Фаронса ба нақл аз манобеъи пулис аз се мазнуни ҳамла - шомили ду бародар ба номҳои Саъид Каучӣ ва Шариф Каучӣ ва Ҳамид Мурод ном бурдаанд.
Авоили панҷшанбе як сухангуи додситонии Порис гуфт, ки оқои Мурод худро дар ҳудудит 200 килуметрии шимоли шарқии Порис таслими пулис кард.
Ҳашт рузноманигор аз ҷумла дабири ин маҷаллаи танз ва ду маъмури пулис дар миёни куштаҳои ин ҳамлаи чаҳоршанбе ба дафтари нашрияи Шорлӣ Ебду ҳастанд.
Ба гуфтаи ин сухангу “Ин фард худро муъаррифӣ кард ва таҳти боздошт қарор гирифт.”
Пештар як манбаъ муталеъ ба хабаргузории Фаронса гуфтааст ки фарде ба номи Ҳамид Мурод пас аз дидани номаш дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ба унвони мазнун худро таслими пулис кардааст.
Ҳамчунин дар охирон соъати чаҳоршанбешаб пулис амалиёте дар шаҳри Ринс дар шимол-шарқи Порис анҷом дода, аммо гуфта мешавад касе дар он дастгир нашудааст.
Пулис ҷузъиёте эълом накард, аммо тимҳои пизишкии қонунӣ баъдан дар ҳоли ҷустуҷӯи опортумоне дар Ринс мушоҳида шуданд.
Ба гузориши расонаҳои фаронсавӣ Шариф Каучӣ, пайкорҷӯе аст, ки дар соли 2008 ба хотири узвият дар гурӯҳе ки ҷиҳодиҳоро ба Ироқ мефиристад се сол ҳабс гирифта буд.
Чаҳоршанбешаб дар саросари Фаронса таҷаммуъҳое дар ҳамбастагӣ бо қурбониён ва эътироз ба ҳамла баргузор шуд.
Тадобири амниятӣ дар саросари кишвар ташдид шуда ва ба хусус дар Порис вазъияти изтирорӣ эълом шуда.
Хабаргузории Фаронса авохири чаҳоршанбе гузориш дод, ки камондуҳои вижаи пулис дар шаҳри Ринс дар 140 килуметрии шимоли Порис дар ҷустуҷӯи мазнунон ҳастанд.
Рӯзномаи Лумонд, ба нақл аз манобеъи Пулис мегӯяд, ки ду тан аз муҳоҷимон ду бародар алҷазоириасл будаанд, ҳарчанд пулис ҳануз расман ин гузоришро таъйид накардааст.
Муҳоҷимон бо аслиҳаи Колошникуф ба дафтари маҷаллаи Шорлӣ Ебду ҳамла карданд ва ҳозирон дар ин дафтарро ба гулула бастанд.
Онҳо дар ҳоле ки фарёди “Аллоҳу акбар” сар дода буданд, ба сӯйи маъмурони пулис ҳам тирандозӣ карданд. Шоҳидон мегуянд ки онҳо фарёд мезаданд, ки интиқоми (интишори корикотур) паёмбари исломро аз дастандаркорони Шорлӣ Ебду гирифтаанд.
Истефон Шорбуния, дасбири маҷалла ва се нафар аз саршиностарин корикотуристҳои Фаронса дар ҳамлаи чаҳоршанбе кушта шуданд.
Пулис мегӯяд ки 11 нафар дар ҷараёни ин ҳамла низ захмӣ шудаанд ва ҳоли чаҳор нафар аз онҳо вахим аст.
Корни Рой, корикотуристи ин нашрия гуфт, ки мардони ниқобдор ӯро водор ба кушодани дар, ки бо шумораи рамз боз мешуд карданд ва ба ӯ гуфтанд, ки узви Алқоида ҳастанд, ҳарчанд ба равонӣ фаронсавӣ ҳарф мезаданд.
Ҳамлаи чаҳоршанбе дар ҳоле анҷом шуд, ки ҷаласаи ҳафтагии сардабирон дар ҷараён буд.
Дафтари Шорлӣ Ебду дар моҳи ноябри 2011, як рӯз пас аз интишори корикотуре аз паёмбари ислом ҳадафи ҳамла бо бумби оташзо қарор гирифта буд.
Пулис гуфт, ки муҳоҷимон ба шимоли Порис гурехтанд ва баъд утумубили худро раҳо карданд ва бо рабудани як утумубили дигар аз маҳал фарор карданд.
Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳури Фаронса ҳамлаи дирузро ҳамлае алайҳи “озодии баён” ва қорбониёни ин ҳамларо “қахрамонон” хонд.
Рӯзи панҷшанбе дар Фаронса рӯзи азои миллӣ эълом шуда ва парчами ин кишвар дар муассисаҳои давлатӣ барои се рӯз поён нигаҳ дошта хоҳанд шуд.
Оқои Улонд аз ҳама шаҳрвандони Фаронса хост дар як дақиқаи сукуте, ки дар соъати 12 зуҳр дар тамоми амокини умумӣ барқарор мешавад ширкат кунанд ва иттиҳоди худро нишон бидиҳанд.
Дар ҳамин ҳол дар Порис як роҳпаймоии эътирозӣ ба ин ҳамла сурат гирифта, ки дар он тақрибан 35 ҳазор нафар ширкат кардааст.
Шаҳрвандони Фаронса ба маҳалли ҳамла ба ёди кушташудагон дар он гул меоранд.
Гурӯҳи дигаре аз роҳпаймоён дар майдони “Ҷумҳурӣ”-и Порис ҷамъ омада ҳамдилии худро ба хонаводаҳои қурбониёни ҳамалаи ҷаҳоршанбе баён карданд.
Аксари ширкаткунандагони ин роҳпаймоӣ дар даст варақаҳое бо навиштаҷоти “Je suis Charlie” (Ман Шорлӣ ҳастам) доштанд. Исми Шолрӣ бахше аз номи маҷаллаест, ки рӯзи чаҳоршанбе ба дафтари он ҳамла сурат гирифт.
Роҳпаймоиҳои мушобеҳ дар шаҳрҳои дигари Фаронса дар ҳоли баргузорӣ ҳастанд ва қарор аст баргузор шаванд.
Роҳпаймоии ҳамбастагӣ бо маҷаллаи Шолрӣ Ебду дар майдони Трофолгори Ландан низ сурат гирифт.
Раҳбарони кишварҳои зиёде ва созмонҳои байналмиллалӣ мудофеъи ҳуқуқи башар ва озодии баён ҳамлаи рӯзи ҷаҳоршанберо шадидан маҳкум кардаанд.
