Чин ба тавофуқи ҳастаии Эрон бо Ғарб "умедвор" аст
Image copyrightEPAЧин мегӯяд ба тавофуқи ҳастаии Эрон бо Ғарб умедвор аст.
Вонг Чун, намояндаи Чин дар музокироти ҳастаии Эрон имрӯз (панҷшанбе, 14 исфанд, панҷуми март) гуфт: "Мо фикр мекунем ин охирин марҳалаи (музокироти ҳастаӣ) аст ва умедворем, ки битавонем ба тавофуқ бирасем."
Оқои Вонг, ки мудири кулли идораи кунтрули таслиҳотии вазорати хориҷаи Чин ҳам ҳаст, дар шаҳри Мунтру дар Суис бо хабарнигорон суҳбат мекард, ки дар се рӯзи гузашта маҳали музокироти Ҷон Керрӣ ва Муҳаммадҷаводи Зариф, вузарои умури хориҷаи Омрико ва Эрон буд.
Оқои Вонг ҳамчунин ба Амири Пойвар, хабарнигори Бибисии форсӣ, ки дар маҳали музокироти Эрон ва кишварҳои 5+1 (Омрико, Русия, Чин, Фаронса, Олмон ва Бритониё) дар Мунтру ҳузур дорад, гуфт давраи таълиқи ғанисозии Эрон ниҳоӣ нашудааст.
Ин дар ҳоле аст ки Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико давраи таълиқро ҳаддиақал 10 сола дониста буд.
Эрон ва кишварҳои 5+1 дар озармоҳи соли 92 ба тавофуқи аввалия расиданд, ки Эрон бахше аз фаъъолиятҳои ҳастаиашро мутаваққиф ё кунд кунад ва дар иваз таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи ин кишвар сабуктар шаванд.
Аммо аз он замон ду бор муҳлати расидан ба тавофуқи ниҳоӣ тамдид шудааст ва муҳлати феълӣ нуҳуми тир (30 июн) ба поён мерасад.
Оқои Вонг ҳамчунин гуфт: "Дар асл ду мавзуъ матраҳ аст, яке ин ки чӣ гуна нигаронӣ дар бораи адами густариши силоҳи атумӣ бартараф мешавад ва дувум ин ки чӣ гуна эрониҳо аз ин ки ҳақашон дар истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ тазмин мешавад.
Изҳороти оқои Вонг дар ҳоле унвон шуд, ки ба гуфтаи Амири Пойвар Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико ба хабарнигорони омрикоии ҳамроҳаш гуфта ҳануз дар роҳи расидан ба тавофуқ "ихтилофоти ҷиддӣ" вуҷуд дорад ва "интихоботи сахте" дар пеш аст.
Муҳаммадҷаводи Зариф ҳам дирӯз дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Сиэнэн гуфта буд: "Мо фикр мекунем ба тавофуқ бисёр наздик ҳастем, бисёр наздик, аммо дар айни ҳол метавонем бисёр ҳам бо он фосила дошта бошем."
Оқои Керрӣ имрӯз (панҷшанбе) маҳали музокиротро ба мақсади Арабистони Саъудӣ тарк кард, аммо музокироти Эрон ва 5+1 (Омрико, Русия, Чин, Фаронса, Олмон ва Бритониё) идома пайдо хоҳад кард.
Оқои Керрӣ 10 рӯзи дигар ба музокирот боз хоҳад гашт.
