Омодагии Тоҷикистон барои пазироии паноҳҷӯёни эҳтимолӣ аз Афғонистон
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони намояндагии Кумисериёи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳҷӯён дар Тоҷикистон мегӯянд, ки бо давлати Тоҷикистон барномаи вижаи изтирориро барои пазироии паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон омода кардаанд.
Раҳбари ин намояндагӣ мегӯяд, ки тасмим дар бораи ин барнома дар пайи нооромиҳо дар бархе аз манотиқи шимоли Афғонистон, ки ба марзи муштараки он кишвар ва Тоҷикистон наздик аст, иттихоз шудааст.
Кевин Олен, раиси ин намояндагӣ, дар нишасте матбӯъотӣ, ки охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе доир шуд, гуфт, ки вазъият бо паноҳҷӯён дар манотиқи марзӣ буҳронӣ нахоҳад буд.
Бо ин ҳол, ӯ мегӯяд, ки авлавияти аслии фаъъолияти намояндагии онҳо дар соли 2015 омодагӣ ба пазироии паноҳҷӯёни эҳтимолӣ аз Афғонистон хоҳад буд.
Ба гуфтаи ӯ, ки масъулони ин созмон умедворанд, ки вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоъӣ дар Афғонистон беҳтар хоҳад шуд. Вале имрӯзҳо нооромиҳо дар навоҳии Имом Соҳиб ва Дашти Арҷии Афғонистон мушоҳида мешавад.
Оқои Олен афзуд: "Мо аз он нигаронем, ки дар манотиқи наздик ба марзи Тоҷикистон, аз ҷумла Қундуз, вазъият ноором аст. Аз ин рӯ, созмони мо дар ҳамкорӣ бо шарикони худ, давлати Тоҷикистон, созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ барои эҳтимоли сарозер шудани паноҳҷӯён омодагӣ гирифтаем."
Дар чорчӯби ин барнома захираи хаймаҳо, пӯшиш барои занон ва кӯдакон ва маводди зарурӣ барои ниёзмандиҳои аввалия барои зиндагӣ дар назар гирифта шудааст.
Раҳбари намояндагии Кумисериёи олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки пешбинии комили вазъият дар робита бо шумори паноҳҷӯёни эҳтимолии афғон дар оянда ғайримумкин аст.
Вале вай афзуд, ки бахши аслии барномаҳои ин созмон, чун яке аз созмонҳои кумаккунанда, дар вазъияти омодабош қарор гирифтани он аст. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, нигаронии аслии онҳо он аст, ки ҳуқуқи паноҳҷӯён дар замони гузори онҳо аз марз нақз нашавад.
Ӯ мегӯяд, ки масъулони давлатӣ, аз ҷумла Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, бо намояндагии онҳо дар робита бо пазироии паноҳҷӯён ҳамкории қавӣ дорад.
Оқои Олен гуфт, ки чанде қабл онҳо бо масъулони зидахли давлати Тоҷикистон мулоқот карда ва мақомоти тоҷик низ аз вазъият дар шимоли Афғонистон ва амният дар марзи муштарак нигарон будаанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди ду ҳазор паноҳандаи афғон ба сар мебаранд. Бештари онҳо дар ноҳияи Ваҳдат, воқеъ дар 30-килуметрии ҷануби шарқи Душанбе, зиндагӣ мекунанд.
Бештари паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон якҷо бо хонаводаҳояшон ба сар мебаранд ва онҳо дар чанд соли ахир дар пайи нооромиҳо дар манотиқи наздик ба ин кишвар кишвари худро тарк кардаанд.
