Афви байналмилал Исроилро ба ҷинояти ҷангӣ дар Ғазза муттаҳам кард

  • 9 Декабр, 2014
Image copyrightAP
Image caption 'Муҷтамаъи итолиёӣ' ки дар гузориши Афви байналмиллал ба он ишора шуда, сохтмони шонздаҳ табақае буд, ки дар ҳамалоти Исроил тахриб шуд

Созмони Афви байналмиллал Исроилро ба иртикоби ҷинояти ҷангӣ дар ҷараёни амалиёти низомии тобистони гузашта дар Ғазза муттаҳам кардааст.

Ин созмон дар гузориши тозае мегӯяд, ки ҳамалоти ҳавоии Исроил ба чанд сохтмони шохиси Ғазза дар авохири ҷанг бо Ҳамос, таҳоҷуми амдӣ ва мустақим ба маҳали сукунати ғайринизомиён буда ва мисдоқи ҷинояти ҷангӣ аст.

Гузориши тозаи Афви байналмиллал бо унвони "Ҳеҷ ҷое амн нест: тахриби сохтмонҳои шохиси Ғазза тавассути Исроил" имрӯз, сешанбе, 9 декабр мунташир шудааст.

Ин гузориш ба таври мушаххас ҳамалоти ҳавоии Исроил ба чаҳор сохтмони чандтабақаӣ дар чаҳор рӯзи охири амалиёти низомӣ дар Ғаззаро муғойири қавонини байналмилалӣ хонда ва хоҳони таҳқиқоти мустақил ва бетараф дар бораи ин ҳамалот шудааст.

Дар ҷараёни ҷанги 50 рӯзаи Исроил алайҳи Ҳамос дар Ғазза ҳудуди 220 фаластинӣ кушта шуданд, ки беш аз ду сеюми онҳо ғайриизомӣ буданд. 11 ҳазор нафар ҳам дар ҳамалоти Исроил захмӣ шуданд.

Дар тарафи исроилӣ 67 сарбоз ва шаш ғайринизомӣ кушта ва теъдоди бештаре захмӣ шуданд.

Дар тайи чаҳор рӯзи мунтаҳӣ ба оташбас, ҷангандаҳои исроилӣ чаҳор сохтмони бузургро ба шиддат бумборон карданд: бурҷи давоздаҳтабақаи Зафар, сохтмони 16 табақаи "Муҷтамаъи итлолиёӣ", бурҷи сездаҳтабақаи Албашор ва маркази тиҷории шаҳрдорӣ дар Рафаҳ.

Афви байналмиллал мегӯяд бо ин ки Исроил қабл аз ҳамла ба ин сохтмонҳо ба сокинони он ҳушдор дода, аммо теъдоди зиёде аз сокинони сохтмонҳои атроф дар ҷараёни ҳамалоти захмӣ шуданд ва садҳо нафар хона ва зиндагӣ ва дороиҳоро аз даст доданд.

Исроил дар вокуниш ба гузориши тозаи Афви байналмиллал гуфтааст, ки нерӯҳояш амдан ба аҳдофи ғайринизомӣ ё маскунӣ ҳамла накардаанд ва ҳамалоташ мутаваҷҷеҳи аҳдофи низомӣ будааст.

Пештар аз ин созмони Дидабони ҳуқуқи башар ҳам Исроилро муттаҳам карда буд, ки бо ҳамла ба се мадрасаи Созмони Милали Муттаҳид дар навори Ғазза муртакиби ҷиноёти ҷангӣ шудааст.

Матолиби муртабит