Сурия: Ҷангандаҳои Исроил ҳумаи Димишқро бумборон карданд

  • 7 Декабр, 2014
Image copyrightGetty

Расонаҳои давлатии Сурия гузориш додаанд, ки ҷангандаҳои исроилӣ ду нуқта дар атрофи Димишқ, пойтахти Сурияро ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор додаанд.

Бано бар ин гузоришҳо атрофи фурудгоҳи байналмилалии Димишқ ва минтақаи Даймос дар ҳумаи пойтахт дар ин ҳамалот ҳадаф қарор гирифтааст.

Ҳанӯз гузорише аз талафоти эҳтимолии ин ҳамалот мунташир нашудааст.

Сокинони Димишқ ба хабаргузориҳо гуфтаанд, садои чанд инфиҷори маҳибро шунидаанд.

Гурӯҳи назорат бар ҳуқуқи башари Сурия, ки таҳаввулоти ин кишварро дунбол мекунад, мегӯяд 10 инфиҷор дар минтақаи Даймос рух додааст.

Давлат ё артиши Исроил ҳануз расман ба ин хабар вокуниш нишон надода, аммо яке аз сухангӯёни артиши Исроил ба хабаргузории Руйтерз гуфта, ки дар бораи "гузориши хориҷӣ" изҳори назар намекунад.

Аз замони оғози ҷанги дохилии Сурия дар соли 2011 ҷангандаҳои Исроил чанд бор нуқотеро дар дохили хоки Сурия ҳадаф қарор додаанд.

Матолиби муртабит