Мувофиқатномаи ташкили давлати ваҳдати миллии Афғонистон имзо шуд

  • 21 Сентябр, 2014
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ АҳмадзайImage copyrightReuters

Номзадони даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон мувофиқатномаи ташкили давлати ваҳдати миллии Афғонистонро имзо карданд.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ имрӯз 30 шаҳривар (21 сентябр) дар арги раёсати ҷумҳурии Афғонистон ин санадро имзо карданд.

Ба асоси ин мувофиқатнома номзаде ки бештарини раъйро ба даст оварад раиси ҷумҳурӣ хоҳад шуд ва пусти раёсати иҷроӣ дар ихтиёри тими номзади дигар қарор хоҳад гирифт.

Дар рӯзҳои гузашта ҳар ду ситод бар сари ташкили давлати муштараке ба унвони "Давлати ваҳдати миллӣ" тавофуқ карданд, ки бар асоси он қудрат байни ҳар ду номзад ба сурати мусовӣ тақсим мешавад, аммо чигунагии натоиҷи интихобот ба унвони як мавриди ихтилоф боқӣ монд. Ин мавзуъ дишаб ҳал шуд, вале ҷузъиёти он ҳануз мушаххас нест.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон танҳо суханрони маҷлиси имрӯзӣ буд.

Ӯ тавофуқи номзадонро табрик гуфт ва афзуд, ки муҳтавои ин мувофиқатнома ва иҷроӣ шудани он масъулияти ҳар ду номзад аст ва ӯ хушҳол аст, ки саранҷом бунбасти интихоботи Афғонистон шикаста шудааст.

Нуктаҳои калидии тавофуқнома

Бар асоси нусхае аз тавофуқномаи сиёсӣ, ки Би-би-сӣ ба он даст ёфта, ин санад ҳафт бахш дорад, ки дар он бидуни ном бурдан аз ду номзад, бар таъини мақомоти баландпоя бар асоси "тасовӣ" ва асли "шоистасолорӣ" таъкид шудааст.

Баргузории Луя ҷиргаи таъдили қонуни асосӣ

Бахши аввали тавофуқнома ба баргузории Луя ҷирга барои таъдили қонуни асосӣ ихтисос ёфтааст. Дар тавофуқнома тасреҳ шуда, ки раиси ҷумҳурӣ пас аз таҳлиф як кумиссиюни вижаро барои таҳияи тарҳи таъдили қонуни асосӣ ташкил диҳад.

Ислоҳи низоми интихоботӣ

Тавзеъи шиносномаҳои электруник ва таҳияи ҷадвали замонӣ барои иҷроӣ шудани ин тавофуқнома бахши дигар аз он аст. Ҳамчунин дар ин тавофуқнома бар ислоҳи низоми интихоботӣ низ таъкид шудааст.

Эҷоди пусти раёсати иҷроӣ

Бахши дувуми ин тавофуқнома ба эҷоди пусти иҷроӣ ихтисос ёфта. Раиси иҷроӣ дар маҷолиси тасмимгирии давлат ширкат мекунад ва мудирияти умури идорӣ ва иҷроии ҳукумат ба уҳдаи ӯ аст. Барои дафтари раиси иҷроӣ сохтори идорӣ ва молии вижа эҷод мешавад.

Тафкики кобина ва Шурои вазирон

Бар асоси бахши дувуми ин тавофуқнома раиси ҷумҳурӣ раёсати "кобина"-ро ба уҳда хоҳад дошт. Бар асоси таърифи ин тавофуқнома кобина муташаккил аст аз раиси ҷумҳурӣ, муъовинони ӯ, садри аъзами иҷроӣ, муъовинони садри аъзами иҷроӣ, мушовири аршади раиси ҷумҳурӣ ва вазирон.

Ин бахш аз тавофуқнома раёсати "Шурои вазирон"-ро ба уҳдаи раиси иҷроӣ гузоштааст. Шурои вазирон шомили вазирон ва мутамойиз аз кобина аст. Раиси иҷроӣ "маҷолиси фаръии" кобинаро ба уҳда хоҳад дошт.

Матолиби муртабит