Ситоди Абдуллоҳ таҳдид кард ҳамкорӣ бо раванди интихоботро мутаваққиф мекунад

  • 26 Август, 2014
Image caption Оқои Маънавӣ дар ҷараёни баррасии ороъ дар кумиссиюни мустақили интихобот суҳбат мекард

Ситоди интихоботии Ислоҳот ва ҳамгароӣ ба раҳбарии Абдуллоҳи Абдуллоҳ таҳдид кардааст, ки агар то аввали субҳи фардои чаҳоршанбе 27 август\5 шаҳривар "ба ҳама хостаҳои" ин ситод дар мавриди чигунагии баррасӣ ва ибтоли оро расидагӣ нашавад, интихоботро таҳрим хоҳад кард ва натиҷаи баррасии ороро нахоҳад пазируфт.

Фазл Аҳмад Маънавӣ, масъули гурӯҳи фаннии ситоди интихоботии оқои Абдуллоҳ, дар нишасти хабарӣ дар кумиссиюни мустақилли интихобот гуфт, ки кумиссиюни интихобот ва Созмони Милали Муттаҳид дар ҳама мароҳили баррасӣ ва ибтоли оро хостаҳои "машрӯъашонро" дар назар нагирифтаанд.

Оқои Маънавӣ гуфт: "Мо талош кардем, ки раванд мухтал нашавад; ба хотири интизори мардум ва машрӯъияти ҳукумати оянда, аммо дирӯз дидем, ки ҳадди ақалли таваққуъи мо ҳам дар табиқи лоиҳаи ибтол, ки мо фикр мекунем, ҷавобгӯи ин мушкилот ҳам набуд; дар назар гирифта нашудааст."

Ӯ мегӯяд, ки барои ибтоли оро дар ҷаласоте, ки доштанд, панҷ меъёрро ба Созмони Милали Муттаҳид ва кумиссиюни мустақилли интихобот пеш карданд, аммо ҳеч таваҷҷуҳе ба ин пешниҳодот нашудааст.

Ситоди Абдуллоҳ мегӯяд, ки дар канори пешниҳодот дар хусуси чигунагии ибтоли оро назариёте дар мавриди тарзулъамали баррасии оро низ доштанд, ки пазируфта нашудааст.

Ӯ афзуд: "Бо ҷониби Созмони Милали Муттаҳид суҳбат мекардем, ҳарфҳои моро гӯш мекарданд ва мегуфтанд, ки ҳарфҳои шумо шунида шуд ва рӯяш фикр мекунем. Ин фикр кардан то ҳоло натиҷае надодааст. Саранҷом мо ба ин натиҷа расидем, ки ин ҳарфҳо ҷоеро нахоҳанд гирифт."

Оқои Маънавӣ мегӯяд, ки агар хостаҳои тими Ислоҳот ва ҳамгароӣ пазируфта шуд, ба ҳамкорӣ бо раванд идома медиҳанд ва натиҷаро мепазиранд, дар ғайри ин сурат "равандро хотимаёфта медонем, дигар бо раванд идома намедиҳем ва ин раванд ба мо қобили қабул нест ва натиҷааш ба мо арзише надорад ва масъулияти паёмадҳои он ба афроде бозхоҳад гашт, ки дар ин чанд ҳафта моро фиреб доданд ва дидгоҳи маъқули моро напазируфтанд."

Image caption Ду ситод аз аввал рӯйи мароҳили мухталифи интихоботӣ, аз ҷумла меъёрҳои баррасӣ ва ибтоли оро бо ҳам ихтилофоте доштанд

Дар ҳоле ки оқои Маънавӣ аз эҳтимоли таҳрими раванди интихобот ҳарф зад, Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай, ду рақиби интихоботӣ,машғули гуфтугӯҳои сиёсӣ дар мавриди чигунагии ташкили давлати ваҳдати миллианд.

Ду номзад ҳамчунин роҷеъ ба баргузории маросими таҳлифи раиси ҷумҳурии ҷадид бо Ҳомиди Карзай нишастҳое доштаанд.

Бар асоси барномаи эъломшуда аз сӯйи кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон қарор аст то камтар аз як ҳафтаи дигар маросими таҳлифи раиси ҷумҳурии ҷадид баргузор шавад. Ҳомиди Карзай, ки пеш аз ин бо тамдиди якмоҳаи кориаш мувофиқат карда буд, гуфта ин бор таърихи баргузории маросими таҳлиф ғайриқобили тағйир аст.

То ҳоло орои ҳудуди 70 дарсади маҳаллот баррасӣ шуда ва баррасии вижаи 6000 маҳал идома дорад. Ҳамзамон бо ин ,кумиссиюн гуфта, ки ҷаласоти ибтоли ороро идома медиҳад ва умедвор аст, ки замони таъйиншуда, яъне дувуми сентябр, натиҷаи баррасиҳо эълом шавад.

Матолиби муртабит