Дастёри вазири хориҷаи Омрико ворид Кобул шуд

  • 3 Сентябр, 2014
Image caption Оқои Фронтз бар авлавиятҳои Ҷон Керрӣ таъкид хоҳад кард

Вазорати хориҷаи Омрико эълом карда, ки Дог Фронтз, дастёри Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, вориди Кобул шудаст.

Вазорати хориҷаи Омрико дар эъломияи хабарӣ гуфтааст, ки оқои Фронтз ҳомили паёми давлати Убомо дар мавриди "интиқоли мусолиматомези қудрат" аст.

Дар ин эъломия омада, ки оқои Фронтз ба аҳаммияте, ки Ҷон Керрӣ бар раванди баррасии оро ва тавофуқ бар сари ҷузъиёти давлати ваҳдати миллӣ қоил аст, низ таъкид хоҳад кард.

Ситоди интихоботии Абдуллоҳи Абдуллоҳ дирӯз таҳдид кард, ки агар "хостаҳо ва шароити" ин тим то рӯзи сешанбеи 2 сентябр пазируфта нашавад, аз раванди музокироти сиёсӣ барои ташкили давлати ваҳдати миллӣ ба сурати комил берун хоҳад рафт."

Сайидоқо Ҳусейн Фозили Санчоракӣ, сухангӯйи ин ситод, эълом кард, ки онҳо чанд соъати дигар ба диплумосӣ фурсат медиҳанд ва ба гуфтаи ӯ талошҳои байналмилалии фишурдае шурӯъ шудааст.

Ӯ гуфт имрӯз Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, бо оқои Абдуллоҳ телефунӣ суҳбат карда ва илова бар он Ён Кубиш, намояндаи вижаи СММ, сафири Омрико, сафири Иттиҳодияи Урупо низ бо оқои Абдуллоҳ суҳбат кардаанд ва музокироти ҷиддӣ ҷараён дорад.

Аз сӯйи дигар, Файзуллоҳ Закӣ, сухангӯйи тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай, тасмими дирӯзи ситоди оқои Абдуллоҳ мабнӣ бар тарки раванди гуфтугӯ барои ташкили давлати ваҳдати миллиро "тасмими аҷулона дониста ва онро ба хайру салоҳ ва мамлакат намедонад."

Матолиби муртабит