Ашрафғанӣ Аҳмадзай раиси ҷумҳури Афғонистон шуд

  • 21 Сентябр, 2014
Ашрафғанӣ АҳмадзайImage copyrightAP
Image caption Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳафтаи оянда ба унвони раиси ҷумҳурӣ савганд ёд хоҳад кард

Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон натоиҷи даври дувуми интихоботро бидуни зикри ҷузъиёт аз ҷумла теъдоди оро ва дарсадии он эълом кард.

Аҳмадюсуф Нуристонӣ, раиси ин кумиссиюн дар нишасти матбуъотӣ гуфт: "Кумиссиюни мустақили интихобот ҷаноби дуктур Ашрафғанӣ Аҳмадзайро ба унвони раиси ҷумҳурии исломии Афғонистон эълом мекунад."

Оқои Нуристонӣ нагуфт, ки оқои Аҳмадзай чӣ қадар раъй бурдааст. Раиси кумиссиюн ҳамчунин аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ, дигар номзади интихобот ба унвони "раиси иҷроӣ" ном бурд ва ба ҳар дуи онҳо табрик гуфт.

Раиси кумиссиюни мустақили интихобот дар суханони худ аз мушкилоти амниятӣ, суботи сиёсӣ, набуди феҳристи раъйдиҳандагон ва шиносномаҳои электруник ёдовар шуд ва афзуд, ки ин мушкилот вазъиятро барои баргузории интихоботи шаффоф душвор кард.

Ӯ афзуд: "Бано бар далоили ёдшуда дар интихоботи даври дувуми раёсати ҷумҳурӣ тақаллуботе, ки аз ҷавониби мухталиф ба амал омада буд ва ҳар ду тими интихоботӣ онро матраҳ карданд, муҷиби мушкилоти фаровон барои миллати азизи мо гардид."

Image copyrightIEC
Image caption Оқои Нуристонӣ гуфт, ки ҷудо кардани орои пок аз нопок душвор буд

Раиси кумиссиюни интихобот таъкид кард, ки агарчи баррасии орои интихобот "ҳамаҷониба ва муътабар" ва "аз лиҳози миқёс ва тадқиқ бесобиқа буд" натавонист боъиси рафъи ҳамаи мавориди тақаллуб шавад.

Ӯ афзуд, ки натоиҷи 11945 маҳали раъйгирӣ, ки ҳар кадом як сандуқ дошт, муътабар дониста шуда ва натоиҷи 1260 маҳали дигар ибтол шудааст.

Ба гуфтаи ӯ натоиҷи 9677 маҳали дигар бозшуморӣ шуд, ки дар натиҷа раванди баррасии оро бо ибтоли "садҳо ҳазор" раъй аз ҳар ду номзад ба поён расид.

Соъоте қабл аз эъломи натиҷаи интихобот аз суи оқои Нуристонӣ ҳарду номзад дар ҳузури раиси ҷумҳурӣ, раҳбарони ҷиҳодӣ ва диплумотҳои хориҷӣ тавофуқномаи ташкили давлати ваҳдати миллиро имзо карданд.

Ин ду номзад тавофуқ карданд, ки натоиҷи интихобот бидуни зикри ҷузъиёти оморе аз суи кумиссиюни интихобот эълом шавад.

Онҳо дар тавофуқномаи сиёсии худ тасреҳ карданд ба он чӣ ки аз суи кумиссиюни интихобот ба ин сурат эълом шавад, эҳтиром бигузоранд.

Матолиби муртабит