Нигаронӣ аз вазъи озодии баён дар Осиёи Марказӣ
Image copyrightBBC World ServiceСозмонҳои мустақили хабарнигории кишварҳои Осиёи Марказӣ пешаи хабарнигориро дар ин минтақа хатарнок арзёбӣ кардаанд.
Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи “Медиа полис”-и Қирғизистон, Сандуқи дифоъ аз озодии баёни “Одил соз”-и Қазоқистон ва созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башари “Артикл 19” рӯзи душанбеи 8 сентябр зимни як баёнияи муштарак дар иртибот ба Рӯзи ҷаҳонии ҳамраъйии рӯзноманигорон вазъи озодии баёнро дар Осиёи Марказӣ нигаронкунанда хондаанд.
Дар ин баёния ба мавориди таҳдид, ҳамла ва боздошти ғайриқонунии хабарнигорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли ҷорӣ ишора шудааст, ки омилони ин гуна аъмоли ғайримашрӯъ муҷозот нашудаанд.
Аз ҷумла, рӯзи 15 апрели соли ҷорӣ пулиси Қазоқистон хабарнигор ва наворбардорро, ки тазоҳурот дар наздики бинои Додситонии куллро пӯшиш медоданд, дастгир кардааст. Ба ҳангоми талоши пулис барои ба зӯр гирифтани дурбини наворбардорӣ Витур Гудз, наворбардор ҷароҳат бардоштааст.
Дар моҳи феврали соли ҷорӣ Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи мустақили “Пайк” ва Эмом Назаров, хабарнигори нашрияи давлатии “Ҷумҳурият”-и Тоҷикистон барои чопи матолиби интиқодӣ мавриди таҳдиду таъқиб қарор гирифтаанд.
Аммо дар ин ду маврид ниҳодҳои зирабти Қазоқистону Тоҷикистон барои шиносоӣ ва пайгарди қонунии омилон талош накардаанд.
Афзун бар ин, тибқи баёнияи созмонҳои хабарнигорӣ, дар асноди ҳуқуқии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон муфоди “интишори хабари дурӯғин” ва “таҳқири раиси ҷумҳурӣ ва мақомоти давлатӣ” боқӣ мондааст, ки имкон дорад афроди мазнун барои иртикоби ин аъмол ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон шаванд.
Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ дар Қазоқистон 16 мавриди “бӯҳтон ё хабари дурӯғин” дар ҷаласаҳои додгоҳ баррасӣ ва ду нафар равонаи зиндон шудаанд.
Фишор болои расонаҳо ва нашрияҳои мустақил афзоиш ёфта ва мизони муҳокимаи хабарнигорон дар додгоҳҳо боло рафтааст.
Дар ин баёния ба муҳокимаи нашрияи “Азия-Плюс” ва Олга Тутубалина, сардабири он дар додгоҳе дар шаҳри Душанбе ишора шудааст, ба иттиҳоми “таҳқири рӯшанфикрон”-и тоҷик ҷаримаи сангин шудааст.
Муҳофизони ҳуқуқи рӯзноманигорон аз маҳдудиятҳо барои ибрози назар дар шабакаи Интернет низ хабар дода ва гуфтаанд, дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ва Қазоқистон бидуни мусаваббаи додгоҳ мавориди зиёди мушкили дастрасӣ ба Интернет ва иртибототи мобайлӣ сабт шудаанд.
Аз ҷумла, дар моҳи июн дар Тоҷикистон торнамоҳои “you tube” ва “Одноклассники” масдуд шуда ва дар Қазоқистон дастрасӣ ба торнамоҳои мустақил душвор шудааст.
Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи “Медиа полис”-и Қирғизистон, Сандуқи дифоъ аз озодии баёни “Одил соз”-и Қазоқистон ва созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башари “Артикл 19” аз давлатҳои Осиёи Марказӣ даъват кардаанд, маҳдудсозии озодии баён, аз ҷумла, истифода аз таҳдиду ҳамла барои ҷилавгирӣ аз озодии баёнро навъи ҷароим эътироф карда ва барои муқобала бо ин аъмол тадобири ҷиддӣ андешанд.
