Ҳасани Рӯҳонӣ дар ифтитоҳи нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ширкат намекунад

  • 8 Сентябр, 2014
РӯҳонӣImage copyrightAP
Image caption Ҳасани Рӯҳонӣ бо як дидори расмӣ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд

Манобеъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфтанд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, дар ҷараёни дидори худ аз Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи чарха ё огреготи дуюми нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ҳузур нахоҳад дошт.

Масъулони дафтари матбуъоти ин вазорат рӯзи душанбеи 8 сентябр гуфтанд, дар назар аст, оқои Рӯҳонӣ бо ҳузур дар шаҳри Душанбе аз тариқи пахши мустақим бо ҷараёни ифтитоҳи ин нерӯгоҳ ошно шавад.

Бино ба иттилоъи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, интизор меравад субҳи 10 сентябри соли ҷорӣ чархаи дуюми нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, ки бо сармояи Эрон бунёд шудааст, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Чархаи аввали ин нерӯгоҳ дар рӯзи 5 сентябри соли 2011 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуд Аҳмадинажод, руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Эрон шурӯъ ба фаъъолият карда буд.

Зимнан, дар чорчӯби мувофиқатномаи соли 2005, дар рӯдхонаи Вахш, дар ҷануби Тоҷикистон, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" бо тавоноии тавлиди 1 милёрд килувот- соъат нерӯи барқ дар як сол бунёд шудааст.

Дар ин тарҳ саҳми Эрон 180 милюн ва саҳми Тоҷикистон 40 милюн дулорро ташкил медиҳад ва баъд аз оғози баҳрабардорӣ ин нерӯгоҳ ба муддати 12,5 сол моли давлати Эрон маҳсуб шуда ва сипас, ба ихтиёри Тоҷикистон вогузор хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, шоми фардо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон бо як дидори рассмӣ вориди Тоҷикистон шуда , бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ ва раиси Маҷлиси намояндагону нахуствазири ин кишвар дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Дар назар аст, дар ҷараёни ин дидор масоили марбут ба ҳамкориҳои тарафайн дар бахшҳои иқтисодӣ ва энержӣ матраҳ шуда ва чанд санади ҳамкорӣ имзо шавад.

Ҳамчунин, интизор меравад оқои Рӯҳонӣ дар нишасти руасои ҷумҳурии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ва ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Душанбе ширкат кунад.

Эрон дар канори Ҳинд, Покистон ва Муғулистон дар ин созмон аз мақоми нозир бархурдор буда, то ҳол дархости ин кишвар барои узвият дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз ҷониби аъзои ин созмон пазируфта нашудааст.

Матолиби муртабит