Аҷсоди чаҳор варзишгар дар Варзоб ҳанӯз пайдо нашудааст

  • 24 Июн, 2014
Сонеҳа
Image caption Маъмурони пулис ва наҷот дар ҷойи ҳодиса ба ҷустуҷӯ машғуланд

Аҷсоди чаҳор тан аз варзишгарон, ки шаби гузашта дар асари як сонеҳаи роҳ худрави ҳомили онҳо ба рӯдхонаи Варзоб уфтод, ҳанӯз пайдо нашудааст.

Маъмурони наҷот тавонистаанд танҳо ҷасади як нафарро аз об берун кашанд. Амалиёти наҷот ва ҷустуҷӯи аҷсоди варзишгарон аз сӯйи кормандони умури изтирорӣ ва пулиси роҳ идома дорад.

Худрави ҳомили аъзои тими ҷавонони баскетболбоз, ки рӯзи гузашта аз шаҳри Истаравшан озими шаҳри Душанбе, пойтахт, буданд, шабҳангом дар дараи Варзоб дучори сонеҳа шуд.

Тибқи иттилоъи пулиси роҳи Тоҷикистон ин ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи 23-уми июн дар ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд дар наздикии осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм” рух додааст.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд дар асари хароб шудани як чархи ин худрав, ин мошин ба рӯдхонаи Варзоб сарозер шудааст. Эронхон Исоев, ронандаи худрав, ки мураббии ин тим буд ва чаҳор нафари дигар аз аъзои тим, ки аксаран 13-15 сол доштанд, натавонистаанд худро наҷот бидиҳанд.

Танҳо як ҷавон тавонистааст панҷараи худравро шикаста ва худро ба берун парт кунад.

Ин тими баскетболбозони ҷавон барои ширкат дар мусобиқоти Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон озими шаҳри Душанбе буд. Интизор мерафт ин мусобиқот имрӯз 24-уми июн оғоз шавад.

Қарор буд тими баскетболбозони ҷавони Истаравшан дар ин мусобиқот аз вилояти Суғд намояндагӣ кунад.

Бархе аз расонаҳои дохилӣ хабар додаанд, ки аъзои ин тим бо ду худрав озими Душанбе буданд. Ба ин далел эҳтимол дорад, ки бархе аз аъзои ин тим зинда монда ва дар мусобиқот ширкат хоҳанд кард.

Ба манзури баррасии ин сонеҳа муъовини шаҳрдори Истаравшан озими Душанбе шуда ва ҷасади яке аз қурбониёни ин ҳодиса ба пайвандонаш барои дафн мунтақил шудааст.

Зимнан ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд дар дараи кӯҳистонии Варзоб печишҳое дорад, ки аз ронандагон эҳтиёти лозимро тақозо мекунад. Пас аз бозсозии ин ҷодда ва сохтмони ду тунели “Истиқлол” ва “Шаҳристон” роҳ ҳамвортар ва ҳаракати васоили нақлия то ҳадде содатар шудааст.

Аммо роҳи ҳамвор боъиси афзоиши суръати худравҳо шуда ва пулиси Тоҷикистон ҳамасола аз рух додани даҳҳо сонеҳа дар ин масир ва кушта шудани мусофирони зиёде хабар медиҳад.

Дар гузашта миёни бархе аз шаҳрҳои вилояти Суғд ва Душанбе даҳҳо парвози ҳавопаймо анҷом мешуд ва бештари алоқамандон тавассути ҳавопаймо ба пойтахти Тоҷикистон ё баръакс сафар мекарданд.

Аммо гаронии билети ҳавопаймо водор мекунад, ки бештари сокинон роҳи заминиро интихоб кунанд.

Матолиби муртабит