Омрико Чинро ба "бесабот кардани" ҷануби шарқии Осиё муттаҳам кард
Image copyrightAFPВазири дифоъи Омрико Чинро ба "эҷоди бесаботӣ" дар дарёи Ҷанубии Чин муттаҳам карда ва гуфтааст иқдомоти Пекан таҳдидкунандаи саботи минтақа аст.
Чок Ҳейгел мегӯяд Омрико зери по гузоштани қавонини байналмилалӣ тавассути кишварҳоро нодида нахоҳад гирифт.
Ӯ дар як нишасти серӯза дар Сангопур сухан мегуфт. Дар ин нишаст илова бар Омрико мақомҳое аз Чин ва соири кишварҳои ҷануби шарқии Осиё ҳузур доранд.
Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки танишҳо миёни Виетном, Филипин, Жопун ва Чин бавижа бар сари иддиъои моликияти Чин бар ҷазоир ва обҳои дарёи Ҷанубии Чин боло гирифтааст.
Ҳадафи ин нишасти серӯза дидори чеҳра ба чеҳраи мақомҳои кишварҳои ҷануби шарқи Осиё барои ҳалли буҳрони байни онҳост.
Вазири дифоъи Омрико ҳамчунин раҳбарони кудетои Тойландро ба пойбандӣ ба демукросӣ фаро хондааст.
Ҷазоири ихтилофбарангез
Оқои Ҳейгел дар суханронии рӯзи шанбеи 31 май гуфт: "Дар моҳҳои гузашта Чин бо иқдомоти бесаботкунанда ва якҷониба иддиъоҳои худ бар дарёи Ҷанубии Чинро такрор кардааст.
Ӯ гуфта Омрико башиддат бо ҳар навъ "иръоб, таҳдид ва тавассул ба нерӯи низомӣ" тавассути милал мухолиф аст. Ишораи оқои Ҳейгел ба иддиъои Чин бар сари моликияти ҷазоире дар дарёи Ҷанубии Чин аст, ки ба Жопун, Филипин ва Виетном наздик аст.
Вазири дифоъи Омрико аз изҳороти нахуствазири Жопун дар рӯзи ҷумъа барои ифои нақши фаъъолтари Тукию дар амнияти минтақа истиқбол кардааст.
Шинзу Обе, нахуствазири Жопун, пешниҳод кардааст, ки ба кишварҳои ҳамсоя, ки нигарони сиёсатҳои Пекан ҳастанд, горди соҳилӣ бифристад.
Чин ва Жопун аз соли 1970 бар сари моликияти ҷазоири воқеъ дар дарёи Ҷанубии Чин ихтилоф доранд. Ихтилофе, ки гоҳ то марзи даргирии низомӣ пеш рафтааст.
Аз тарафе дигар, Виетном ҳам бо Чин бар сари манобеъи нафтӣ ва обзиён дар ин дарё дучори мушкил аст. Дар Чин ва Виетном ахиран атбоъи ду кишвар мавриди ҳамла қарор гирифтаанд ва дар Виетном тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи Чин баргузор шудааст.
Тақвияти чашмгири тавони низомии Чин дар солҳои ахир нигаронии ҳамсояҳояшро барангехтааст. Омрико мегӯяд пуштибонии низомии худ аз Жопун ва Куреи Ҷанубиро афзоиш медиҳад.
Шӣ Ҷингпинг, раҳбари Чин, ҳафтаи пеш аз кишварҳои осиёӣ хост аз тақвияти эътилофҳои низомӣ бо "қудратҳои солис (севум)" ҳазар кунанд.
