Чин бо ташдиди таҳрими Омрико алайҳи Эрон мухолиф аст

Чин, бузургтарин шарики тиҷории Эрон ва аз муштариёни умдаи ин кишвар, мухолифати худро бо тарҳи ҷадиди ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон, ки ба тасвиби Маҷлиси намояндагони Омрико расида, иброз доштааст.
Маҷлиси намояндагони Омрико рӯзи панҷшанбеи ин ҳафта ба манзури водор кардани давлати Ҷумҳурии Исломӣ ба бознигарии сиёсати ҳстаии худ тарҳи ташдиди таҳримҳо алайҳи Эронро бо 400 раъйи мувофиқ дар муқобили 20 раъйи мухолиф тасвиб кард.
Бар асоси ин тарҳ, давлати Омрико мулзам мешавад бо фишор бар воридкунандагони нафти Эрон, содироти нафтии Ҷумҳурии Исломиро ба мизони як милюн бушка дар рӯз коҳиш диҳад.
Ин тарҳ барои иҷроӣ шудан бояд ба тасвиби сенои Омрико ва ҳамчунин имзои Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, бирасад.
Вазорати хориҷаи Чин дар баёнияе, ки рӯзи ҷумъаи 2 август ба дафтари хабаргузории "Руйтерз" фиристода, гуфтааст: "Давлати Чин ҳамвора бар ёфтани роҳи ҳалле барои масъалаи ҳастаии Эрон аз тариқи музокира ва иқдомоти диплумотик таъкид карда ва бо таҳримҳои якҷониба, ки бар асоси қавонини як кишвари воҳид тадвин ва эъмол мешавад, мухолиф аст."
Корсоз будани таҳримҳои бештар алайҳи Эрон ба рафтори Чин ба унвони бузургтарин муштарии нафти Эрон бастагӣ дорад, дар ҳоле ки давлати Чин мукарраран мухолифати худро бо таҳримҳои якҷониба алайҳи Ҷумҳури Исломӣ эълом кардааст.
Дар ҷараёни раъйгирӣ дар марвиди қатъномаҳои байналмилалии Эрон дар Шӯрои Амнияти СММ, давлати Чин, ки аз аъзои доим ва дорои ҳаққи вету дар ин шӯрост, ба ин қатънома раъйи мусбат дод, аммо таҳримҳоеро, ки ба сурати якҷониба тавассути кишварҳои ғарбӣ вазъ шуд, мардуд донистаааст.
Соли гузашта Чин хариди нафт аз Эронро ба мизони 21 дарсад коҳиш дод, аммо ба гуфтаи коршиносон ин коҳиш то ҳадди зиёде ношӣ аз ихтилофи назари ду тараф дар мавриди шароити қарордодҳои ҷадиди нафтӣ будааст.
Бархе аз коришносон гуфтаанд Чин бо таваҷҷуҳ ба шароити кунунӣ хостори тахфифҳои бштаре дар қарордодҳои ҷадиди нафтӣ бо Эрон шудааст.
Гузоришҳое, ки ахиран мунташир шуда, ҳокӣ аз он аст, ки соири кишварҳои умдаи харидори нафти Эрон зери фишори Иёлоти Муттаҳида ва бо таваҷҷуҳ ба мушкилоте, ки дар заминаи имконот ва равобити бимаӣ ва бонкӣ, воридоти нафт аз Эронро ба тарзи қобили таваҷҷуҳе коҳиш додаанд.
Илова бар коҳиши содироти нафтӣ, таҳримҳои бонкии Иёлоти Муттаҳида боъис шудааст то Эрон бо мавонеъе дар дарёфти авоиди арзии ношӣ аз содироти нафт мувоҷеҳ шавад ва дар бархе маворид ногузир ба муъомилаи паёпай рӯй оварад.
Чин аз содиркунандагони умдаи коло ба Эрон аст ва бахше аз баҳои хариди нафт аз Эронро ба шакли коло тодия мекунад.
