Шӯрои амният аз гузориши марбут ба нақзи таҳримҳо тавассути Эрон ҳимоят накард

  • 16 Июл, 2013
Гарӣ Куинлон
Image caption Гарӣ Куинлон

Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид гузориши марбут ба нақзи таҳримҳои Эрон тавассути ин кишварро таъйид накард.

Ин гузоришро кумитае шомили коршиносоне аз понздаҳ кишвари узви Шӯрои амният навишта буданд.

Аъзои ин кумита тавассути Бон Ки-мун, дабири кулли СММ интихоб шудаанд ва аъзои Шӯрои амният онҳоро таъйид кардаанд.

Гарӣ Куинлон сафири Устролиё дар созмони миллал, ки раёсати ин кумитаро бар ӯҳда дорад рӯзи душанбе дар гуфтугӯе бо расонаҳо гуфт, ки аъзои кумитаи ҳама ҳамрой буданд, ки Эрон таҳримҳои СММ-ро нақз кардааст.

Аз ҷумла мавориде, ки оқои Куинлон ба он ишора кард, озмоиши мушкҳои шаҳоб як ва се дар ҷараёни як размоиш (монуври низомӣ) буд, ки дар тобистони соли гузашта анҷом дода буд.

Интизор барои давлати Рӯҳонӣ

Оқои Куинлон ишорае ба кишварҳои мухолифи ин гузориш накарда ва танҳо ба гуфтани ин ҷумла басанда кард, ки теъдоди маъмуде аз кишварҳо ба он мухолиф будаанд.

Чанд нафаре аз диплумотҳои ҳозир дар ҷаласаи маҳрамонаи Шӯрои амният дар гуфтугӯ бо хабарнигори Асошиейтед Пресс гуфтанд, ки Русия мухолифи аслии ин гузориш буда ва Чин ҳам аз назари Русия ҳимоят кардааст.

Диплумотҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки Русия ва Чин муътақид буданд бояд мунтазир монад то Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон ба рӯйи кор биояд ва баъд аз дидани натиҷаи кори ӯ барои иқдомҳои бештар тасмим гирифт.

Маросими таҳлифи Ҳасани Рӯҳонӣ то ҳудуди ду ҳафтаи дигар дар Теҳрон баргрузор мешавад.

Бисёре аз кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Омрико борҳо баъд аз интихоби оқои Рӯҳонӣ ибрози умедворӣ кардаанд, ки бо омадани ӯ, Эрон гуфтугӯҳои марбут ба барномаи ҳастаиро бо равише мутафовит бо ҳашт соли гузашта идома диҳад.

Мавориди дигари нақзи таҳримҳо

Оқои Куинлон ҳамчунин рӯзи душанбе гуфт, ки Эрон дар ду мавриди дигар ҳам ба нақзи таҳримҳо пардохтаас.

Ӯ аз ҷумла ба маҳмудаи силоҳи як кишварии озими Яман ишора карда, ки ба гуфтаи мақомҳои яманӣ аз Эрон омада буд ва бино буд, ки ба дасти шӯришиёни яманӣ бирасад.

Сафири Устролиё дар СММ ҳамчунин Эронро муттаҳам кард. Ки бо кумаки афроде дар саросари дунё саъй карда, ки асбобу васоилро бихарад, ки корбурди дугона доранд ва метавонанд дар барномаи ҳастаии Эрон ё барномаи мушакии ин кишвар мавриди истифода қарор бигирад.

Ӯ аз ҷумла ба дастгирии афроде дар кишварҳои мухталифи урупоӣ ишора кард, ки қасд доштанд ин гуна ақломро (ашёро) ба Эрон содир кунанд.

Гузоришҳое марбут ба ин харидҳо ва талошҳо барои давр задани таҳримҳоро кишварҳои Иморати Муттаҳидаи Арабӣ, Суед, Фаронса, Сингопур ва Иёлати Муттаҳидаи Омрико ба созмони миллал дода буданд.

Матолиби муртабит