Воридот ва содироти Чин коҳиш ёфт

  • 10 Июл, 2013
Корхонаи тавлидотии чинӣ
Image caption Корхонаҳои тавлидотӣ умдатарин нерӯи муҳаррака дар чархаи иқтисодии Чин ба шумор мераванд

Дар миёни нигарониҳои фазоянда аз вазъияти иқтисодии Чин гузоришҳои расида аз ин кишвар ҳокӣ аз коҳиши ногаҳонии содирот ва воридоти он аст.

Омори расмии Чин нишон медиҳад, ки содирот дар моҳи июн нисбат ба ҳамин моҳ дар соли гузашта 3,1 дарсад коҳиш дошта, ки нишондиҳандаи коҳиши тақозо барои маҳсулоти чинӣ аст.

Ин дар ҳоле аст ки воридоти Чин низ 7 даҳуми дарсад нисбат ба соли гузашта коҳиш дошта ва ин ба навбаи худ нишондиҳандаи коҳиши масрафи дохилӣ аст.

Чин дувумин иқтисоди бузурги ҷаҳон барои ҳалли ин мушкилот моил ба эҷоди тавозун дар меҳварҳои иқтисодӣ аст.

Нархи рушди иқтисодии Чин дар семоҳаи аввали соли мелодӣ (январ то март) 7,7 дарсад будааст.

Ин мизон дар муқоиса бо мизони семоҳаи пеш аз он ки 7,9 дарсад буд , нархи рушди камтаре аст.

Коҳиши тақозо барои колҳои чинӣ аз суи бозорҳои муҳиме чун Урупо ва Омрико далели аслии тозатарин даври коҳиши суръати рушди иқтисодии Чин ба шумор меравад.

Аз ин рӯ нигарониҳое вуҷуд дорад мабнӣ бар ин ки нархи рушди иқтисодии Чин мумкин аст аз ин ҳам камтар шавад.

Дар айни ҳол мақомоти Чин умедворанд бо тақвияти масрафи дохилӣ ба ҷойи тақозои хориҷӣ битавонанд чархаи иқтисодии кишварро дубора ба роҳ андозанд.

Таҳлилгарони иқтисодӣ мегӯянд коҳиши ногаҳонии воридот ва содирот дар моҳи июн нишондиҳандаи афзоиши фишорҳои фазоянда бар иқтисоди кишвар дар моҳҳои отӣ аст.

Вонг Ҷейн, яке аз таҳлилгарони ширкати саҳомдории "Гутой Жунон" дар Шонкҳой гуфт: "Баррасиҳои омории мо нишон медиҳад, ки коҳиши тақозори дохилӣ ва хориҷӣ дар нимаи дувуми сол низ боъиси коҳиши воридот ва содирот хоҳад шуд."

Бисёре аз ниҳодҳои молӣ аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул низ ахиран дар гузоришҳои худ бар коҳиши рушди иқтисодии Чин таъкид кардаанд.

Матолиби муртабит