Тавофуқи Чин ва Омрико бар сари халъи силоҳи ҳастаии Куреи Шимолӣ

Дар поёни иҷлоси дурӯзаи руасои ҷумҳурии Омрико ва Чин ду тараф бар сари халъи силоҳҳои ҳастаии Куреи Шимолӣ тавофуқ карданд. Мақомоти Омрико ин нишастро "созанда, мусбат ва мунҳасир ба фард" хондаанд.
Том Донилун, мушовири амнияти миллии Кохи сафед гуфт Борок Убомо, раиси ҷумҳурии кишвар ба ҳамтои чинии худ Ши Ҷинпинг ҳушдор додааст, ҷароими сойберӣ метавонад монеъе бар сари равобити ду кишвар бошад.
Оқои Донилун дар айни ҳол гуфт ҳар ду кишвар бар сари халъи силоҳҳои ҳастаии Куреи Шимолӣ тавофуқ кардаанд.
Пас аз поёни ин музокирот оқои Донилун дар як нишасти расонаӣ гуфт Борок Убомо барои Шӣ Ҷинпинг дар бораи анвоъи мушкилоте, ки Омрико бар сари нуфузи сойберӣ ва сирқати маънавӣ дорад, тавзеҳ додааст.
Ӯ ҷузъиёте дар ин бора матраҳ накард, вале гуфти оқои Убомо таъкид карда Вошингтун тардид надорад ҷосусии сойберӣ аз дохили Чин сурат гирифтааст.
Ёнг Ҷичӣ, мушовири аршади сиёсати хориҷии раиси ҷумҳурии Чин низ ба хабарнигорон гуфтааст Чин қасд дорад дар бораи амнияти сойберӣ бо Омрико ҳамкорӣ кунад ва истикоке дар байн набошад.
Ба гуфтаи оқои Ёнг "ҳиҷ як аз ду кишвар Куреи Шимолиро ба унвони як қудрати соҳиби таслиҳоти ҳастаӣ намепазирад."
Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин аз ҷумҳурии халқи Чин хостааст ба суи иқтисоди масраф ҳаракат кунад ва касри мувозинаи тиҷории байни ду кишварро коҳиш диҳад.
Борок Убомо рӯзи ҷумъа гуфти Омрико аз кишварҳои дигар ҳам мехоҳад чунин кунанд. Дар ҳамин ҳол Шӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳурии Чин аз тарҳҳои тоза барои равобити байни ин ду қудрати ҷаҳонӣ сухан гуфт.
Оқои Убомо ҳамчунин афзуд амнияти сойберӣ яке аз ҳавзаҳое аст, ки аҳамияти он рӯ ба афзоиш аст.
Раиси ҷумҳурии Омрико дар гузашта аз "ҳамлаи сойберӣ бо ҳимояти давлати Чин" алайҳи кишвараш интиқод карда буд.
Бо ин ҳол ӯ дар рӯзҳои ахир аз барномаҳои давлати Омрико барои ҷамъоварии иттилоъот аз гӯшӣҳои телефуни ҳамроҳ ва вебсойтҳо дифоъ кардааст.
Раҳбарони Омрико ва Чин рӯзи ҷумъа шаш соъат бо якдигар буданд ва субҳи шанбе ҳам се соъат мулоқот доштанд.
Рӯзи шанбе замоне ки ду раҳбар барои пиёдаравии кӯтоҳе дар муқобили хабарнигорон ҳозир шуданд, Борок Убомо пешрафти музокиротро "фавқулъодда" хонд.
Баъд аз он оқои Шӣ истироҳатгоҳи Соннӣ Ландз дар наздикии Лус Онҷелеси Колифурниёро тарк кард.
Рақиб ва шарик
Кохи сафед дар баёнияе гуфт ду кишвар барои аввалин бор ҷиҳати ҳамкорӣ барои коҳиши ҳидруфлурукарбун як гози хатарноки гулхонаӣ тавофуқ кардаанд.
Як сухангӯи раиси ҷумҳурии Чин гуфтааст ин мулоқот сареҳ ва дар бораи мавзуъоти густарда аз ҷумла масоили амнияти сойберӣ ва тағйироти иқлимӣ будааст.
Ӯ гуфт Чин бар аҳамияти ҳифзи сулҳи ҷаҳонӣ таъкид карда ва ҳар ду кишвар мехоҳанд улгуи ҷадиде аз робитаро шакл диҳанд.
Рӯзи ҷумъа Борок Убомо баъд аз музокироташ бо Шӣ Ҷинпинг гуфт, ки арсаи амнияти сойберӣ ҳамчун "сарзаминҳои ношинохта" аст.
Ӯ гуфт: "Дар ин замина муқаррароте шабеҳи он чӣ бар масоили низомӣ ва таслиҳотӣ ҳоким аст, надорем, муқаррароте ки кишварҳо таҷрибаи бисёре дар музокира бар сари онҳо ва таъини бояду набоядҳо доранд".
Борок Убомо ва Шӣ Ҷинпинг ҳудуди як сол пеш ҳам дар Кохи сафед бо ҳам дидор карданд. Дар он замон оқои Шӣ муъовини раҳбари Чин буд. Омрико ва Чин дар айни ҳол ки руқабои бузурги истротежики якдигаранд, манофеъи иқтисодии муштараки азиме доранд.
Ин ду бузургтарин иқтисоди ҷаҳон ҳастанд. Содироти Иёлоти Муттаҳида ба Чин фосилаи зиёде бо воридот аз ин кишвар дорад. Ин мизон дар соли гузашта ба рекурди 315 милёрд дулор расид, ки бесобиқа будааст.
Тавлидкунандагони омрикоӣ аз Чин мехоҳанд арзиши воҳиди пули худро боло бубарад то колоҳои чинӣ барои харидорони хориҷӣ гаронтар шаванд ва содиротро кам кунад.
Дар посух ба ин дархостҳо Пекин батадриҷ аз маҳдудиятҳо барои муъомилаи юон костааст.
Қонунгузор ва гурӯҳҳои тарафдори ҳуқуқи башар дар Омрико Борок Убоморо ташвиқ карда буданд, ки дар дидор бо ҳамтои чинии худ хоҳони озодии 16 зиндонии барҷастаи ин кишвар аз ҷумла Лиу Шиёубу, барандаи ҷоизаи сулҳи Нубал шавад.
