Як коргари чинӣ дар Виетном дар ҳамлаи муътаризон кушта шуд
Image copyrightReutersДар ҳамлаи муътаризони виетномӣ ба як корхонаи тавлидӣ дар устони Ҳотна дар маркази Виетном як коргари чинӣ кушта шуда ва ҳаддиақал 9 нафари дигар захмӣ шуданд.
Эҳсосоти зидичинӣ дар Виетном ба дунболи танишҳои эҷодшуда дар равобити ду кишвар шиддат гирифтааст.
Рӯзи чаҳоршанбе муътаризони виетномӣ дар минтақаи санъатӣ дар ҷануби ин ишвар чанд корхонаи таҳти тамаллуки хориҷиҳоро, ки гуфта мешуд чинӣ ҳастанд, ба оташ кашиданд. Ин дар ҳоле аст ки соҳибони ин корхонаҳо тойвонӣ ё аҳли Куреи Ҷанубӣ буданд.
Иқдоми Чин барои насби сакуи нафтӣ дар як минтақаи мавриди муноқиша дар дар Дарёи Ҷанубии Чин аз далоили аслии бурузи таниш миёни ду кишвар ба шумор меравад.
Виетном ба ин иқдоми Чин эътироз кард ва ҳафтаи пеш шиноварҳои нерӯи дарёии ин кишвар талош карданд ҷилави сакуи нафтиро бигиранд, аммо киштиҳои чинӣ зимни бархурд бо киштиҳои Виетном аз мошинҳои обпош алайҳи онҳо истифода карданд, ки боъис шуд чанд малавони виетномӣ осеб бубинад.
Мақомҳои Чин гуфтаанд, ки сакуи нафтии мавриди назар дар обҳои таҳти моликияти ин кишвар қарор дорад ва иқдомоти Виетномро "нақзкунандаи ҳуқуқи Чин" хондаанд.
Хабарнигорон мегӯянд эҳосости миллигароёна дар Виетном дар ҳоли ҳозир башиддат афзоиш ёфтааст.
Як шоҳиди айнӣ ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки муътаризон корхонаҳоеро ҳадаф қарор медиҳанд, ки дар лугуи онҳо ҳуруфи чинӣ дида мешавад. Ширкати тойвонӣ, ки дар устони Ҳотна мавриди ҳамла қарор гирифт, ба Руйтерз гуфтааст, ки муътаризон ба коргарони виетномӣ ва тойвонии ширкат ҳамла карданд.
Ин ширкат гуфтааст, ки ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки муҳоҷимон бори дигар баргарданд.
Мақомҳои Виетном гуфтаанд, ки ҳаддиақал 200 нафарро дар иртибот бо хушунатҳои рӯзи чаҳоршанбе боздошт кардаанд.
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд давлати Виетном нигарон аст, ки тавони маҳори эҳсосоти миллигароёнаро надошта бошад, ки ин масъала дар ниҳоят метавонад ҳам ба фазои тиҷорӣ латма бизанад ва ҳам суботи сиёсии кишварро ба хатар андозад.
Мақомҳои гардишгарии Чин аз шаҳрвандони ин кишвар хостаанд то барои сафар ба Виетном эҳтиёт кунанд.
Филипин, Молезӣ, Бруней, Тойвон, Чин ва Виетном муддаъии ҳокимият бар бахшҳое аз Дарёи Ҷанубии Чин ҳастанд. Ин минтақа аз масирҳое муҳими киштиронӣ ба шумор меравад ва гуфта мешавад, ки саршор аз манобеъи табиъӣ аст.
