Дар Гоно 150 шаҳрванди Чин ба занни истихроҷи ғайриқонунии тилло боздошт шуданд
Масъулони умури муҳоҷират дар кишвари офриқоии Гоно 150 нафар шаҳрванди Чинро ба занни истихроҷи ғайриқонунии тилло боздошт кардаанд.
Ин афроди хориҷӣ дар чаҳор устони ин кишвар боздошт шудааст. Пештар мақомоти Гоно аз кишварҳое, ки атбоъашон марзро ба сурати ғайриқонунӣ убур кардаанд, хоста буданд дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз истихроҷи маъодин дар қаламрави Гоно тавассути атбоъи худ иқдом кунанд.
Масъулони сафорати Чин дар Гоно гуфтаанд интизори истирдоди афроди боздоштшуда ба кишварашон ҳастанд.
