Мақомоти давлатии Чин ва Тойвон барои нахустин бор дидор карданд

  • 11 Феврал, 2014
Image copyrightAP
Image caption Нишасти торихии намояндагони ду Чин дар "муҳите аз назари сиёсӣ хунсо" баргузор шуд

Барои нахустин бор тайи ҳудуди шасту панҷ соли гузашта мақомоти давлатии Ҷумҳурии Халқи Чин ва Тойвон бо якдигар дидор кардаанд.

Рӯзи сешанбе, 22 баҳман (11 феврал) манобеъи хабарии Чин гузориш карданд, ки Вонг Ю-чӣ, вазири умури Чин дар давлати ҷумҳурии Тойвон ва Жонг Жучинг, ҳамтои ӯ дар давлати Ҷумҳурии Халқи Чин дар шаҳри Нанҷинг, воқеъ дар шарқи Ҷумҳурии Халқи Чин бо якдигар мулоқот кардаанд.

Аз замони таҷзияи Чин ба ду бахш Ҷумҳурии Халқ мустақар дар сарзамини аслӣ ва ҷумҳурии миллигаро дар ҷазираи Тойвон дар соли 1949, ин нахустин мулоқоти расмӣ байни намояндагони ду ҳукумат аст. Ба ҳамин далел ҳам расонаҳои хабарии ҷаҳон аз ин дидор бо унвони воқеъае торихӣ ном бурдаанд.

Ба гузориши расонаҳои хабарӣ мулоқоти оқои Вонг ва Жонг "дар муҳите аз назари намодин хунсо" сурат гирифт ва дар утоқи маҳали баргузории ин дидор парчами ҳеҷ як аз ду ҳукумат насб нашуда буд.

Сафари вазири тойвонӣ ба сарзамини аслии Чин чаҳор рӯз ба тӯл хоҳад анҷомид ва дастури корӣ дар мавриди ин дидор интишор наёфтааст. Ба гуфтаи нозирони умури Чин мулоқоти вазирони ду давлат бештар ҷанбаи намодин дошта ва ҳадаф аз он ибрози тамоюли ду тараф ба коҳиши таниш ва эҳтимолан талош барои барқарории навъе тамос аст.

Ҷумҳурии Чин мустақар дар Тойвон, ки аз он бо унвони ҳукумати миллигарои Чин низ ном бурда мешавад, то соли 1971 милодӣ ба унвони намояндаи тамомии сарзамини Чин дар Созмони Милал ҳузур дошт ва узви доими Шӯрои Амният низ буд, ҳарчанд вусъати Тойвон аз ҳудуди сиву шаш ҳазор килуметри мураббаъ фаротар намеравад, дар ҳоле ки сарзамини аслии Чин ҳудуди нуҳу ним миллиюн килуметри мураббаъ вусъат дорад.

Image copyrightAFP
Image caption Дидори Вонг (чап) ва Жонг мулоқоте намодин тавсиф шудааст

Дар ҳоли ҳозир ҷамъияти Тойвон ба ҳудуди бисту се миллиюни нафар ва ҷамъияти сарзамини аслии Чин ба ҳудуди як милёрду сесад миллиюн нафар мерасад.

То замони вуруди Ҷумҳурии Халқ ба Созмони Милал ва ихроҷи Тойвон аз ин созмон Ҷумҳурии Халқи Чин умдатан мавриди шиносоии кишварҳои мутамойил ба блуки шарқ қарор гирифта буд ва бисёре дигар аз кишварҳои ҷаҳон ҷумҳурии Тойвонро ба унвони кишвари Чин ба расмият мешинохтанд, аммо аз он замон ба истиснои маъдуде аз кишварҳо сойири кишварҳои ҷаҳон Ҷумҳурии Халқро мавриди шиносоӣ қарор додаанд.

Бо ин ҳама мавқеъияти истротежик ва аҳамияти иқтисодии Тойвон боъис шудааст то ин сарзамин бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон равобити густардаи тиҷорӣ ва иртиботи фарҳангӣ дошта бошад.

Собиқаи торихӣ ва нафйи мутақобили мавҷудият

Кӯтоҳмуддате пас аз суқути низоми имперотурӣ ва истиқрори ҳукумати ҷумҳурӣ дар Чин дар авоили қарни бистум ин кишвар дастхуши нооромӣ ва рақобати байни ҷангсолорони маҳаллӣ шуд, ки тазъифи ҳукумати марказӣ ва ошуфтагии иқтисодии он кишварро дар пай овард.

Image copyrightAP
Image caption Ҷумҳурии Чин ба раҳбарии Чиёнк Кой Шик дар Тойвон ташкил шуд, вале муддаъии ҳокимият бар тамомии Чин аст

Дар авоили даҳаи 1920 ҳукумати марказӣ ба раҳбарии Чиёнк Кой Шик тавонист навъе ваҳдати миллиро барқарор созад, аммо фасоди густарда ва ихтилофи назар дар ташкилоти ҳукуматӣ ба ҷанги дохилии байни нерӯҳои давлатӣ ва кумунистҳо мунҷар шуд.

Аз авоили даҳаи 1930 ишғоли низомии Чин тавассути нерӯҳои жопунӣ ҷанги дохилиро андаке тахфиф дод, аммо пас аз поёни ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва хуруҷи нерӯҳои жопунӣ даргирии низомӣ байни ду тараф шиддат гирифт ва бо пирӯзии кумунистҳо дар соли 1949 ва истиқрори ҳукумати Ҷумҳурии Халқи Чин поён ёфт.

Мақомоти ҳукумат ба раҳбарии Чиёнк Кой Шик пас аз шикаст дар баробари кумунистҳо ба ҷазираи Тойвон гурехтанд ва худро давлати қонунии тамомии Чин эълом карданд. Давлати "Ҷумҳурии Чин" мустақар дар Тойвон барои чанд сол бо низоми диктотурӣ идора мешуд, аммо аз авоили даҳаи 1980 ислоҳоте демукротик дар ин сарзамин сурат гирифт ва иқтисоди он низ рӯ ба рушд гузошт.

Image copyrightGetty
Image caption Нерӯҳои Моу бо шикасти миллигароён Ҷумҳурии Халқро поя гузорӣ карданд

Дар тӯли шасту панҷ соли гузашта ҳукуматҳои мустақар дар сарзамини аслӣ ва Тойвон мутақобилан машрӯъияти якдигарро нафй карда ва худро ҳукумати қонунии тамомии сарзамини Чин донистаанд.

Сиёсати расмии ҳар ду ҳукумат ваҳдати ҳар ду сарзамин аст, ҳарчанд дар Тойвон бархе аз аҳзоби сиёсӣ ҳадафи ҷудоӣ ва истиқлоли ниҳоии Тойвон ба унвони як кишвари мустақилро дунбол кардаанд, ки хашми мақомоти Ҷумҳурии Халқро дар пай доштааст. Дар солҳои ахир ду ҷумҳурӣ равобити иқтисодии худро густариш додаанд.

Тамоси вузарои ду кишвар дар ҳоле гузориш мешавад, ки дар моҳҳои ахир ин минтақа шоҳиди таниши ношӣ аз ихтилофи арзии Ҷумҳурии Халқи Чин ва Жопун ва ҳамчунин ихтилофи теъдоде аз кишварҳо бар сари баҳрабардорӣ аз баъзе манобеъи дарёӣ будааст. Ба ҳамин далел бархе нозирон гуфтааанд, ки наздикии эҳтимолии ду Чин метавонад боъиси нохурсандӣ ва нигаронии руқабои минтақаии Ҷумҳурии Халқ шавад.

Матолиби муртабит