Талоши худкушии як мард дар рӯбарӯи кохи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон

  • 28 Март, 2014
Қасри ҷумҳурӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Як мард дар рӯбарӯи қасри риёсати ҷумҳурӣ даст ба худсӯзӣ задааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз талоши як марди 73-сола барои худсӯзӣ дар рӯбарӯи кохи риёсати ҷумҳурии ин кишвар дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Тавре ки сойти расмии ин вазорат баъд аз зуҳри рӯзи 27 март хабар дод, ин пирамард Шавкат Раҳмонов, як сокини шаҳри Душанбе, буда ва ҳоло дар дармонгоҳи сӯхтагии шаҳри Душанбе таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад.

Оқои Раҳмонов субҳи 27 март соъати 10:10 дақиқаи вақти маҳалӣ даст ба худсӯзӣ зада ва кормандони пулис мегӯянд таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас карда, ки сабаби даст задани ин шаҳрванд ба худкушӣ "даъвои хонаводагӣ бар сари тақсими манзил" будааст.

Ҳамчунин, пулис аз қавли Нушофарин Раҳмонова, духтари оқои Раҳмонов, оварда, ки падараш аз ду сол пеш бад-ин сӯ "гирифтори бемории равонӣ буда ва қаблан низ кӯшиши худкушӣ кардааст."

Дар торнамои вазорати кишвар омада, ки додгоҳи шаҳри Душанбе манзили маскунии ин хонаводаро, ки дар хиёбони Фирдавсӣ воқеъ аст, миёни Шавкат Раҳмонов ва духтараш баробар тақсим кардааст."

Пулис менависад, ки воқеъаи даст задани оқои Раҳмонов ба худкушӣ дар назди мағозаи "Варзиш" дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух додааст.

Ин мағоза дар рӯбарӯйи кохи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст ва бархе манобеъ мегӯянд, ки ҳадаф аз ин амали оқои Раҳмонов ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти баландпоя ба мушкилоти хонаводагияш ва эътироз ба ҳукми додгоҳ метавонад бошад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони саршинос, мегӯяд: "Сабабҳои ҷиддие ин мардро водор карда, ки ба ҳамин тарз ҳаёти худро ба бод диҳад. Агар ин мард девона мебуд, дар дармонгоҳи бемориҳои равонӣ сабти ном мешуд."

Вай афзуд: "Ба назари ман, бо таваҷҷуҳ ба интихоби макони воқеъа ин кори мард як навъ эътироз аст ва чун вай натавонистааст адолати додгоҳиро барқарор кунад ва ё бо беъадолатиҳо рӯбарӯ шудааст, пас водор шуда, ки ба ин тарз таваҷҷуҳи давлатро ба мушкили худ ҷалб кунад."

Ин ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд беъадолатиҳое дар низоми додгоҳӣ дар заминаи ҳалли мушкилоти сокинон дар заминаҳои мухталиф дар Тоҷикистон зиёд ба назар мерасад.

Аммо оқои Ҳакимов ба ин ақида аст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон бояд ба ин воқеъа расидагии мунсифона кунанд ва сабаби аслии онро ошкор кунанд.

Дар Тоҷикистон бештар гузоришҳое аз даст задани занон ва духтарон ба худсӯзӣ мунташир мешавад, вале камтар мушоҳида шуда, ки мардҳо низ аз ин шева, яъне худсӯзӣ, истифода кунанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи ниҳодҳои интизомӣ, дар соли 2013 дар ин кишвар ҳудуди 570 мавриди даст задани сокинон ба худкушӣ сабт шудааст.

Матолиби муртабит