Нигаронии шаҳрдории Қурғонтеппа аз афзоиши мавориди худкушӣ

  • 21 Декабр, 2013
худкушӣ
Image caption Гуфта мешавад бештари занон аз хушунат водор ба худкушӣ мешаванд

Шаҳрдории Қурғонтеппа дар ҷануби Тоҷикистон аз афзоиши мавориди худкушии мардҳо дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ кардааст.

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, соли ҷорӣ дар ин шаҳр се мард талоши худкушӣ кардаанд, ки дар натиҷаи ин амал ду нафар аз онҳо фавт кардаанд.

Ҷонона Холбобоева, як масъули шаҳрдории Қурғонтеппа, рӯзи ҷумъаи 20 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки сабаби аслии ин аъмоли мардҳои худкуш мушкилоти иҷтимоъии онон буда ва вай меафзояд, ки ин мардҳо барои ҳалли ин дувшориҳо ва раҳоӣ аз он даст ба худкушӣ задаанд.

Хонум Холбобоева гуфт, ки як нафар аз афрод корманди ҷавони идораи молиёти шаҳр буда, як нафари дигар сокини бекор будааст.

Бар асоси иттилоъи шаҳрдории Қурғонтеппа соли 2012 дар ин шаҳр як мард худкушӣ карда буд, аммо дар соли ҷорӣ дар баробари 41 зан ду мард ҳам дар асари ин вақоеъ ҷонҳои худро аз даст додаанд.

Мавориди худкӯшӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ яке аз мавзӯъоти доғ дар ҷануби Тоҷикистон буда ва мақомот барои пешгирӣ аз он бо сокинони маҳаллӣ мулоқотҳое анҷом медиҳанд.

Тибқи иттилоъи бахши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар соли ҷорӣ дар ин минтақа 38 мард худкушӣ кардааст.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, сокинони ноболиғе, ки дар ин вилоят талоши худкӯшӣ кардаанд, 28 нафар ва занон 77 нафар будаанд, ки бештари онҳо ҷонҳои худро аз даст додаанд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони умури иҷтимоъӣ мегӯянд, ки яке аз сабабҳои худкушии занону духтарон эъмоли хушунат алайҳи онҳо аз сӯйи бархе аз аъзои хонаводаҳояшон аст.

Аммо худкушии мардҳо бештар ба мушкилоти иқтисодӣ ва набудани машоғил рабт дода мешавад, ҳарчанд масъулони пулис даст задани иддае аз ин афрод ба худкуширо бемории равонӣ унвон кардаанд.