Маҳдудиятҳои ҷадид барои таҳсили донишҷӯёни эронӣ дар Омрико

Сафорати маҷозии Омрико пазириши донишҷӯ аз Эронро дар бархе риштаҳо монанди нафту гоз ва энержии ҳастаӣ маҳдуд кард.
Сойти сафорати маҷозии Омрико бо интишори хабаре эълом кард: "Тибқи банди 501-и "Мусаввабаи коҳиши таҳдиди Эрон ва ҳуқуқи башари Сурия" аз 10 августи 2012, дархости судури раводид барои шаҳрвандони Эрон, ки моил ба сабти ном дар ниҳодҳои омӯзиши олии Омрико бо ҳадафи иштиғол дар Эрон дар бахшҳои нафт, гози табиъӣ, энержии ҳастаӣ, дониш ва муҳандисии ҳастаӣ ҳастанд, мавриди пазириш воқеъ намешавад."
Ҳамчунин бар асоси ин гузориш, дархости визои эрониёне, ки барои таҳсил дар риштаи мудирият ва компютер тақозо додаанд, аммо қасд доранд, ки аз маҳорати худ дар бахши нафт, гози табиъӣ ё энержии ҳастаӣ истифода кунанд, низ мавриди қабул қарор намегирад.
Таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо алайҳи Эрон дар тӯли солҳои ахир сахттар шудааст. Ҳадаф аз вазъи ин таҳримҳо водор кардани давлати Эрон ба иҷрои қатъномаҳои мусавваби Шӯрои Амният алайҳи барномаҳои ҳастаии ин кишвар аст.
Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид зимни вазъи бархе таҳримҳои байналмилалӣ аз Эрон хостааст бахшҳое аз барномаи ҳастаии худ, бахусус ғанисозии урониюмро то ҷалби итминони ҷомеъаи байналмилалӣ аз сулҳомез будани онҳо мутаваққиф кунад.
Мақомоти Эрон ин дархостро рад карда ва бар идомаи барномаҳои атумии худ таъкид доштааст.
