Нигаронӣ аз олудашавии ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон

  • 28 Июн, 2013
Роҳи утумубилгард
Image caption Таҳқиқоти коршиносон мушаххас карда, ки 87 дарсади гозҳои гулхонаӣ дар шаҳри Душанберо васоили ҳамлу нақл ихроҷ мекунанд.

Афзоиши васоили ҳамлу нақл дар шаҳри Душанбе ба вазъи муҳти зисти пойтахти Тоҷикистон таъсири ногуворе гузоштааст.

Дар ин бора коршиносони Барномаи тавсеъаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон пас аз анҷоми таҳқиқоте дар ин замина хабар доданд.

Натоиҷи ин таҳқиқот рӯзи ҷумъаи 28-уми июн дар нишасти хабарие дар Душанбе муъаррифӣ шуд. Ин пажуҳиш ҳокӣ шудааст, ки 87 дарсади гозҳои гулхонаӣ дар шаҳри Душанберо васоили ҳамлу нақл ихроҷ мекунанд.

Барномаи тавсеъаи СММ ҳамзамон бо муъаррифии натоиҷи пажуҳиши мазкур семиноре дар бораи масоили марбут ба системи нақлиёти мусофирбарӣ дар пойтахти Тоҷикистон ва роҳҳои беҳбудии он баргузор карданд.

Дар ин семинор пружаи ҷадиди Барномаи тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон зери унвони “Пуштибонӣ аз мудирияти ҳамлу нақли пойдор дар Душанбе” муъаррифӣ шуд.

Дар ин ҳамоиш намояндагони идораи бозрасии утумубилии пойтахти Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои давлатии васоили мусофирбарии шаҳр ширкат доштанд.

Ричард Бёрл, коршиноси байналмилалӣ ва муҷрии таҳқиқоти дар робита ба танзим, баҳрабардорӣ ва сармоягузорӣ дар ситеми нақлиёти умумӣ ва зарурати таваққуфгоҳҳои пулакӣ барои мошинҳои хусусӣ дар Душанбе, натоиҷи ин пажуҳишро муъаррифӣ кард.

Image caption Оқои Ҷӯраев гуфт, ки дар панҷ соли ахир шумори худравҳо дар пойтахт беш аз 60 дарсад афзоиш ёфтааст

Ӯ гуфт, дар шаҳри Душанбе беш аз 81 масири расмӣ вуҷуд дорад ва васоили мусофирбарӣ ҳамарӯза ҳудуди 565 ҳазор мусофирро интиқол медиҳанд. Ҳамчунин ҳамарӯза мусофирон дар ин масирҳо беш аз 450 ҳазор сомонӣ роҳкиро пардохт мекунанд ва мусофирон бештар аз хадамоти минибасҳо (маршрутка) истифода мекунанд ва афроди дорои имтиёз барои сафари ройгон бештар савори утубусҳо ва утубусҳои барқӣ мешаванд.

Оқои Бёрл, мегӯяд, адами таваққуфгоҳҳо дар шаҳр мунҷар ба эҷоди мушкилот барои нақлиёти умумӣ шудааст. Аз ин рӯ, ӯ ба зарурати эҷоди таваққуфгоҳҳои вижа дар шаҳри Душанбе таъкид карда ва дар ин замина аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ёдовар шуд.

Оқои Бёрл муътақид аст, ки танзими дурусти фаъъолияти таваққуфгоҳҳо дар шаҳр аз эҷоди трофикҳои бузург дар роҳҳои утумубилгарди Душанбе ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Абдусалим Ҷӯраев, раиси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳрдории Душанбе аз вазъи муҳтити зистӣ дар шаҳри Душанбе ибрози нигаронӣ кард.

Ӯ гуфт: “Ҷойгирии шаҳри Душанбе аз назари ҷуғрофиёӣ дар сатҳи поин ва дар миёни кӯҳҳо, гӯи дар сангаре қарор дорад ва ҳавои он зуд тираву касиф мешавад. Аз ин рӯ барои ҳимоят аз тозагии ҳавои шаҳр ҳар иқдоме, ки пиёда мешавад, иқдоми лозим аст."

Оқои Ҷӯраев мегӯяд, дар панҷ соли ахир шумори худравҳо ва васоили дигари ҳамлу нақл дар пойтахти Тоҷикистон беш аз 60 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ӯ гуфт: “Агар дар соли 2008 дар шаҳри Душанбе 20 ҳазор мошин буд, дар соли 2012 ин омор ба 48 ҳазор расидааст. Ҳамчунин ҳамарӯза аз қаламрави шаҳр беш аз 20 ҳазор васоили ҳамлу нақли коло ва мошинҳои хусусӣ убур мекунанд.”

Дар ҳамоиши имрӯз ҳамчунини пешниҳодҳо барои беҳбудии фаъъолияти нақлиёти умумӣ дар пойтахт ироа дода шудааст. Роҳандозии ситстеми фурӯши билетҳо барои мусофирон яке аз гомҳои лозим дар ин замина унвон шуд.

Эҷоди таваққуфгоҳҳо барои худравҳои хусусӣ ва назорат бар фаъъолияти онҳо ва сабти расмӣ ва таъйини масирҳои минибасҳои мусофирбарӣ дар шаҳр низ аз пешниҳодотест, ки коршиносон барои буҳбуди низоми мусофирбарӣ ва коҳиши трофик дар пойтахт муфид медонанд.

Матолиби муртабит