Кушта шудани як нафар дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

  • 24 Апрел, 2013

Кумитаи умури изтирорӣ аз кушта шудани як сокини кишвар дар ҳодисаи сангрезӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хабар додааст.

Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии ин кумита ҳодисаи сангрезӣ соъати 22:40 вақти маҳаллӣ дар ноҳияи Айнӣ рух додааст.

Наргис Нурова, корманди дафтари матбуъотии ин кумита, рӯзи чаҳоршанбеи 24 апрел ба Би-би-сӣ гуфт: “23 апрели соли равон дар қисмати шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҷамоъати деҳоти Айнӣ дар 116 килуметрии ин роҳ дар мавзеъи Ҷореъ дар натиҷаи сангрезӣ пиёдагард Комилҷон Акбаров, сокини ноҳияи Рӯдакӣ кушта шуд.”

Хонум Нурова мегӯяд, ки кормандони ин кумита ҷасади Комилҷонро дар ҳузури масъули ноҳияи Айнӣ ба пайвандонаш супурданд.

Бориши шадиди борон дар чанд рӯзи ахир мӯҷиби сангрезӣ дар манотиқи мухталифи кӯҳистонӣ дар кишвар шудааст.

Ҳарчанд гузоришҳои расмӣ ҳокист, ки дар соли ҷорӣ ҳодисоти табиъӣ аз қабили сел ва сангрезӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба соли 2012 коҳиш ёфтааст, вале масъулони кумитаи умури изтирорӣ аз хатароти ношӣ аз сел ва сангрезӣ дар манотиқи кӯҳистонӣ хушдор медиҳанд.

Тибқи гузориши ин кумита дар се моҳи аввали соли 2012 дар Тоҷикистон 155 ҳодисаи табиъӣ рух дода ва бар асари он 14 нафар ҷони худро аз додаанд.