'Робитаи афзоиши саратон дар Суғд ва маводди родиюоктив собит шавад'

Кумиссюни зистимуҳитии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел дар ҷаласаи вижае раванди иҷрои барномаҳои марбут ба безарарсозии партовгоҳҳои родиюоктив дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст.
Дар ин ҳамоиш филми мустанаде дар мавриди партовгоҳҳои вилояти Суғд намоиш дода шуд, ки дар он сокинони рустоҳои наздикии партовгоҳҳои родиюоктив аз афзоиши бемориҳои саратон ва батадриҷ фалаҷ шудани аъзои бадани бархе аз сокинон шикоят доштанд.
Аз ҷумла, як зан мегуфт, писари бузургаш батадриҷ фалаҷ шуда ва ду наберааш дар асари амрози номаълум фавт кардаанд.
Аммо мақомоти Ожонси амнияти ҳастаӣ ва радиюоктифи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар ин ҷаласа пас аз тамошои ин мустанад гуфтанд, ки то ҳол собит нашудааст, ки партовҳои маводди родиюоктив дар шимоли ин кишвар омили афзоиши бемориҳои саратон дар ин минтақа бошад.
Абдуҷаббор Саломов, муъовини раиси ин ожонс гуфт, бидуни ироъаи далоили илмӣ ба асароти маводди родиюоктив рабт додани афзоиши саратон ва бемориҳои дигар дар рустоҳои наздики партовгоҳҳои родиюоктив дар вилояти Суғди Тоҷикистон қобили пазириш нест.
Аз ин лиҳоз, оқои Саломов пешниҳод кард, Вазорати беҳдошти Тоҷикистон барои мушаххас кардани илали хуруҷи саратон ва бемориҳои дигар дар рустои Деҳмой ва шаҳраки Истиқлол (Табошари пешин), ки дар наздики партовгоҳҳои родиюоктив дар вилояти Суғд ҷойгир шудаанд, тадбирерро рӯйи даст бигирад.
Дар ҳамин ҳол, Қосимбек Олимбеков, як тан аз масъулони Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон гуфт, аз ҷумлаи 10 партовгоҳи маводди родиюоктив дар вилояти Суғд ду партовгоҳ дар манотиқи Деҳмой ва Истиқлол дар ҳолати боз воқеъ буда ва мумкин аст, тавассути борони шадиду сел ё вазидани боди шадид зарраҳои маводди родиюоктиви родон ба рустоҳои доман паҳн кунад кунад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Олимбеков, дар пайи ҷорӣ шудани сел хатари ба рудхонаи Сир ворид шудани маводди родиюоктив ва аз ин тариқ ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ паҳн шудани он вуҷуд дорад.
Ӯ гуфт, дар қадами аввал бояд атрофи ин партовгоҳҳо девори баланд ё симхор бунёд шуда, ба ин васила аз имкони вуруди сокинон ба партовгоҳҳо ҷилавгирӣ шавад.
Маҳмадшариф Ҳақдодов, раиси Кумисиюни зистмуҳитии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ба далели фақру бекорӣ бештари сокинони рустоҳо аз партовгоҳҳо дар вилояти Суғд филизи мухталиф пайдо карда ва ба бозор арза мекарданд.
Оқои Ҳақдодов гуфт, дар соли 1994 худи ӯ шоҳиди аз маъдани урониюм дар вилояти Суғд ба сирқат бурдани лӯлаҳои филизӣ ва маводди сохтмонӣ ва истифодаи ин маводд дар бунёди манозил шуда буд.
Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки дар ниҳоят дар соли ҷорӣ иқдоми мушаххас барои амнсозии партовгоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон шурӯъ шудааст.
Абдуҷаббор Саломов, муъовини раиси Ожонси амнияти ҳастаӣ ва родиюоктиви Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфт, бар асоси мувофиқатномаи миёни Тоҷикистон ва Кумисиюни Урупо ин ниҳод барои амнисозии ин партовгоҳҳо 2,4 милюн юру тахсис додааст.
Оқои Саломов гуфт, аз ҳисоби ин маболиғ дар соли ҷорӣ мустанадоти фаннию иқтисодии партовгоҳҳои маводди родиюоктив дар вилояти Суғд таҳия шуда ва ҳазинаи умумӣ барои амнисозии 10 партовгоҳ дар ин вилоят мушаххас хоҳад шуд.
Ӯ гуфт, феълан дар партовгоҳҳои вилояти Суғд ба миқдори 170 милюн метри мукаъаб маъдани коркардшуда ва ба миқдори 55 милюн тун маводди дорои урониюм мавҷуд аст.
Гуфта мешавад, давлати Тоҷикистон наметавонад ба танҳоӣ амнсозии ин миқдор маводди родиюоктивро анҷом бидиҳад ва ба кумакҳои созмонҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои кумаккунанда ниёз дорад.
Анҷумани Иқтисодии Уруосиё барои иҷрои як тарҳи амнсозии партовгоҳҳои родиюоктив дар Тоҷикистону Қирғизистон 1 милёрду 156 милюн рубли русӣ ё муъодили 39 милюн дулори омрикоӣ тахсис додааст.
Иҷрои ин тарҳи мавсум ба “Амнсозии ҳудуди кишварҳои узви Анҷумани Иқтисодии Уруосиё аз асароти саноеъи тавлиди урониюм” аз соли ҷорӣ шурӯъ шуда ва дар назар аст то оли 2018 анҷом шавад.
Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ожонси байналмилалии энержии атумӣ (МАГАТЭ) дар соли 2001 шурӯъ шуда ва то ба ҳол ин ниҳод барои назорати (мониторинг) маводди родиюоктив ва бунёди озмоишгоҳи мудерн дар шаҳраки Истиқлол 5 милюн дулор тахсис додааст.
