Умедвории Омрико ба имзои зудҳангоми паймони амниятӣ бо Афғонистон

  • 22 Сентябр, 2014
Image copyrightna
Image caption Ҷон Керрӣ дар буҳрони сиёсии Афғонистон миёнҷигарӣ карда буд

Давлати Омрико мегӯяд умедвор аст то поёни моҳ як мувофиқатномаи дуҷонибаи амниятӣ бо Афғонистон имзо кунад.

Ин умедворӣ пас аз тавофуқи рӯзи якшанбе дар Афғонистон барои ташкили як давлати ваҳдати миллӣ, ки ба моҳҳо бунбасти сиёсӣ поён медиҳад, иброз мешавад.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико гуфт, ки тавофуқи рӯзи якшанбе "фурсати бузурге барои пешрафт дар Афғонистон фароҳам мекунад."

Тавофуқи амниятӣ миёни ду кишвар шумори сарбозони омрикоиро, ки қарор аст пас аз хуруҷи аксари нерӯҳои хориҷӣ дар поёни соли ҷорӣ дар ин кишвар боқӣ бимонад, таъйин хоҳад кард.

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури кунунии Афғонистон, ки акнун ҷойи худро ба Ашрафғанӣ Аҳмадзай хоҳад дод, аз имзои паймони амниятӣ бо Омрико худдорӣ кардааст.

Оқои Ғанӣ ва рақиби интихоботии ӯ дуктур Абдуллоҳи Абдуллоҳ ҳар ду қавли имзои ин мувофиқатнома дар сурати пипрӯзӣ дар интихоботро дода буданд, аммо эъломи натиҷаи ниҳоӣ ба далели иддаъои тақаллуб моҳҳо ақиб афтод.

Бар асоси ин тавофуқи сиёсӣ оқои Ғанӣ раиси ҷумҳур хоҳад шуд ва оқои Абдуллоҳ ба мақоми раёсати иҷроӣ, ки ихтиёроте шабеҳ ба нахуствазирӣ дорад, интихоб мешавад.

Ин муъомила барои тақсими қудрат пас аз моҳҳо кашмакаш дар пайи даври аввал ва дувуми интихобот дар моҳҳои апрел ва июн ба даст меояд.

"Зарфи ҳудуди як ҳафта"

Ҷон Керрӣ имзои тавофуқ миёни ду рақиб барои ташкили давлати ваҳдати миллиро ба онҳо табрик гуфт.

Ӯ гуфт, ки ин тавофуқ фурсате барои имзои як мувофиқатномаи дуҷонибаи амниятӣ миёни Омрико ва Афғонистон "зарфи як ҳафта ё ҳамин ҳудуд" эҷод мекунад.

Бар асоси ин мувофиқатнома интизор меравад, ки шуморе аз нерӯҳои вижаи хориҷӣ барои анҷоми "амалиёти зиддитерруристӣ" ва соири вазоиф дар ҳимоят аз нерӯҳои афғон ва омӯзиши онҳо боқӣ бимонанд.

Омрико қасд дорад шумори сарбозонаш дар Афғонистонро то поёни сол ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш диҳад.

Тавофуқи ду номзади интихобот барои ҳисобрасии ҷомеъ куллия ороъи интихобот бо миёнҷигарии оқои Керрӣ ба даст омада буд.

Ҳисобрасии оро пештар дар моҳи ҷорӣ комил шуд, аммо шумориши ниҳоӣ аланӣ нашуда, чаро ки бими нооромӣ меравад.

Бо ин ҳол, кумиссиюни интихоботии Афғонистон рӯзи якшанбе оқои Ғаниро баранда эълом кард.

Ҳар тараф дигареро ба тақаллуб муттаҳам мекард ва моҳҳо шароити номутмаъин боъиси латма дидани иқтисод ва уфти амният дар Афғонистон шуд.

Матолиби муртабит