Созмони Милал аз афзоиши 24 дарсадии талафоти ғайринизомиёни афғон хабар дод

  • 9 Июл, 2014

Созмони Милал дар гузориши тозаи худ аз афзоиши 24 дарсадии омори қурбониёни ғайринизомӣ дар ҷанги Афғонистон дар нимаи аввали соли 2014 хабар додааст.

Дар ин гузориш, ки имрӯз 18 тир / саратон (9 июл) мунташир шуд, омада, ки омори маҷмуъи қурбониёни ғайринизомӣ ба 1564 кушта ва 3279 захмӣ мерасад, ки баёнгари афзоиши 17 дарсадии омори кушташудагон ва афзоиши 28 дарсадии омори захмиён нисбат ба айни замон дар соли 2013 аст.

Созмони Милал ин афзоиш дар омори талафоти ғайринизомиён дар ҷанги Афғонистонро "чархиши хатарнок" барои ғайринизомиён тавсиф карда ва ҷанги заминии байни шӯришиён ва нерӯҳои тарафдори давлатро омили аслии ин талафот хондааст.

Ин созмон гурӯҳҳои шӯриширо масъули талафоти 74 дарсади ин ғайринизомиён донистааст.

Гузориш нерӯҳои давлатиро масъули 8 дарсад ва нерӯҳои байналмилалиро масъули як дарсади дигари талафот дониста ва ҷанги заминии байни нерӯҳои мухолиф ва тарафдори давлатро омили 12 дарсади дигар муъаррифӣ карда, ки наметавон мушаххасан ба як тараф нисбат дод.

Дар ин гузориш омада, ки 4 дарсади ин талафот, қурбониёни маводи инфиҷории боқимонда аз даврони ҷангҳои гузашта ва як дарсади боқимонда қурбониёни гулӯлаборӣ аз он суи сарҳади Покистон ба дохили Афғонистон мебошанд.

Созмони Милал мегӯяд, ки дар муқоиса бо шаш моҳи нахусти соли 2009, ки ин ниҳод шуруъ ба назорат аз талафоти ғайринизомиён карда, акнун теъдоди қурбониёни ғайринизомӣ аз суи мухолифони давлат ду баробар шуда, дар ҳоле ки шумори ғайринизомиёни қурбонӣ аз суи нерӯҳои давлатӣ нисф шудааст.

Ҷурҷ Генӣ, масъули бахши ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Афғонистон гуфта, ки афзоиши ҷангҳои заминӣ дар манотиқе, ки ғайринизомиён дар он сокин ҳастанд, омили аслии афзоиши шумори қурбониён ба хусус занон ва кӯдакони қурбонӣ аст.

Омори қурбониёни ин навъи даргирӣ ба асоси гузориши Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон 89 дарсад афзоиш доштааст.

Созмони Милал дар гузориши худ навишта дар шаш моҳи нахусти 2014 омори талафоти занони қурбонӣ бо 24 дарсад афзоиш нисбат ба соли 2013 ба 148 кушта ва 292 захмӣ ва омори талафоти кӯдакон бо 34 дарсади афзоиш ба 295 кушта ва 776 захмӣ расидааст.

Ёфтаҳои гузориши Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон нишон медиҳад, ки баста шудани беш аз 86 пойгоҳи нерӯҳои ёрии баёналмилалӣ (Ойсоф) робитаи мустақим бо афзоиши талафот дар даргириҳои заминӣ доштааст.

Дар гузориш омада ки "дар солҳои гузашта ҳузури қудратманд ва муҷаҳҳази садҳо пойгоҳи амалиётии Ойсоф дар хатти муқаддам ва дар манотиқи дуруфтода монеъи ҳаракати мухолифони давлат ба суи манотиқи маскунӣ мешуд."

Image copyrightAFP

Маводи инфиҷории коргузоришуда дар гузориши ин дафтар дувумин омили қурбонӣ шудани ғайринизомиён хонда шудааст.

Ҳамчунин омори қурбониёни ҳамалоти интиҳорӣ дар соли 2014 нисбат ба соли гузашта ҳафт дарсад коҳиш ёфтааст. Ин ҳамалот сеюмин омили талафоти ғайринизомиён аст.

Дар шаш моҳи аввали имсол дар натиҷаи ҳамалоти интиҳорӣ 154 ғайринизомӣ кушта ва 427 ғайринизомӣ захмӣ шудааст.

Ба асоси ин гузориш , қатлҳои ҳадафманд, шомили қатли бузургони қавмӣ, кормандони мулкӣ, олимони дин ва мақомоти мулкӣ даҳ дарсад коҳиш ёфтааст.

Интихобот ва талафоти ғайринизомиён

Баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон дар шаш моҳи нахусти соли 2014 низ бар омори талафоти ғайринизомиён таъсир доштааст.

Дар гузориши Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон омада дар ҳамалоте, ки ба ҳадафи мухтал сохтани интихобот роҳандозӣ шуда буд, 173 нафар кушта ва 501 нафар захмӣ шуданд.

Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон ҳамчунон мегӯяд, ки баста шудани пойгоҳҳои низомӣ ва ташдиди фазои бесаботи сиёсӣ ба далели эълом нашудани натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ва имзо нашудани мувофиқатномаи амниятии байни Омрико ва Афғонистон низ фазоро барои мухолифони мусаллаҳ бозтар кард.

Дар гузориш омада, ки мухолифони мусаллаҳ дар ин фазо ташвиқ шуданд, ки ҳамалоти худро бештар ва шадид созанд.

Созмони Милал аз соли 2009 ба ин су талафоти ғайринизомиён дар ҷангро мустанадсозӣ кардааст.

Матолиби муртабит