"Кашфи гӯри дастҷамъии эзадиҳо" дар шимоли Ироқ

  • 2 Феврал, 2015
Image copyrightReuters
Image caption Ҳамлаи Доъиш ба Санҷор бисёре аз эзадиҳоро овора кард

Нерӯҳои пешмаргаи курд дар шимоли Ироқ мегӯянд як гӯри дастаҷамъӣ аз пайравони ойини эзадӣ пайдои кардаанд, ки ба дасти шибҳинизомиёни гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) кушта шудаанд.

Як мақоми масъул дар шаҳри Санҷор (Шингол) дар шимоли ғарби Ироқ гуфт, ки бақоёои 25 мард, зан ва кӯдак дар ин қабри гурӯҳӣ пайдо шудааст.

Ба гуфтаи яке аз фармондеҳони пешмаргаи курд ин аҷсод дар ҷараёни ҷустуҷӯ дар минтақаи Синунӣ дар устони Нинево барои ёфтани муҳимоти раҳошуда ва минҳои коргузоришудаи Доъиш пайдо шудааст.

Ин фармондеҳи курд гуфт, ки баъзе аз қурбониён ба зарби гулӯла ва бархе бо заработи чоқу кушта шудаанд.

Шаҳри умдатан эзадинишини Санҷор дар шимоли ғарби Ироқ тобистони гузашта ва ҳамзамон бо густариши ҳамалоти Доъиш ба муҳосираи ин гурӯҳ даромад.

Доъиш пайравони ойӣни эзадиро кофар медонад ва то кунун ҳазорон нафар аз онҳоро кушта ё асир кардааст.

Бисёре аз эзадиҳо овора шудаанд ва пайкорҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ садҳо ва шояд ҳазорон нафар аз занон ва духтарони онҳоро ба бардагии ҷинсӣ бурдааст.

Матолиби муртабит