Ривояти занони эзидӣ аз Доъиш ва бардагии ҷинсӣ
Image copyrightBBC World ServiceПайравони ойини эзидӣ дар Ироқ мегӯянд 3500 нафар аз занону духтарони онҳо ҳанӯз дар асорати шибҳинизомиёни гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" (Доъиш) ҳастанд ва бо бисёре аз онҳо ҳамчун бардаҳои ҷинсӣ рафтор мешавад.
Теъдоди каме аз онҳо, ки муваффақ ба фирор шудаанд, ривоятҳои такондиҳандае аз даврони асораташон доранд. Пул Вуд, хабарнигори Би-би-сӣ, пойи суҳбати онҳо нишастааст: __________________________________________________________________
Як рӯзи гарми нимаи тобистон хонаводаи Ҳаннон мисли бисёре аз хонаводаҳои сокини шаҳри Синҷор (Шингол) аз ҳамлаи нерӯҳои Доъиш ғофилгир шуданд.
Ҳаннон мегӯяд, ки он рӯз ҳама, то онҷо ки дасташон мерасид, бору бунаашонро бастанд, то фирор кунанд. Ҳама дар хиёбон медавиданд ва фарёд мезаданд ва сафири (садои) гулӯлаҳо аз ҳар тараф шунида мешуд.
'Ҳаннон' номи воқеъии ӯ нест. Ҳеч як аз занону духтарони эзидӣ, ки қаблан асири Доъиш буданд ва ҳозир шуданд бо Би-би-сӣ суҳбат кунанд, нахостанд, ки номи воқеъияшон фош шавад.
Ӯ мегӯяд он рӯз шибҳинизомиён ҷоддаҳои атрофи Синҷорро баста буданд. Ҳамаро ба дохили шаҳр бозгардонданд ва онҷо занону духтаронро аз бақия ҷудо карданд.
"Бист то буданд бо риши буланду туфанг. Гуфтанд, ки моро ба Мавсил мебаранд. Эътироз кардем. Моро заданд ва ба зӯр савори мошин карданд."
Дар Мавсил ӯро ба ҳамроҳи занони дигар ба як солуни варзишӣ ва баъд аз чанд ҳафта ба як толори арӯсӣ буданд. 200 зану духтарро якҷо ҷамъ карда буданд. Онҷо дарвоқеъ бозори фурӯши барда буд. Аъзои Доъиш меомаданду интихоб мекарданд.
"Ҷуръат намекардем ба сураташон нигоҳ кунем. Ваҳшат карда будем... Барои ин ки моро битарсонанд, шиллик мекарданд. Мехостем худамонро бикушем, аммо роҳе пайдо намекардем."
Ҳаннон мегӯяд яке аз духтарҳо билохира худашро кушт.
"Рагашро зад. Нагузоштанд кумакаш кунем. Ҳамаро ба утоқе бурданд ва дарро қуфл карданд. Гуфтанд 'муҳим нест, ҷанозаашро як ҷое парт мекунем.'" ______________________________________________________________________
Дастурулъамали Доъиш барои асирӣ ва бардагии занон
Бахше аз суолу ҷавобҳо:
Суол: Оё ҳамхоба шудан бо асири зан билофосила баъд аз тамаллук (харидан ва молик шудан)-и ӯ муҷоз аст? Посух: Агар бокира бошад, соҳибаш метавонад билофосила баъд аз тамаллук бо ӯ ҳамхобагӣ кунад. Вагарна бояд аввал мутмаин шавад, ки зан ҳомила нест.
Суол: Оё ҳамхобагӣ бо духтари асири ноболиғ муҷоз аст? Посух: Дар сурате муҷоз аст, ки аз назари баданӣ шароити ҳамхобагиро дошта бошад. Агар ҳам ин шароитро надошт, метавонед бидуни ҳамхобагӣ аз ӯ лаззат бибаред. _____________________________________________________________________
Панҷараи фирор
Байни доъишиҳо хориҷӣ ҳам буда, аммо бештарашон аз сунниҳои аҳолии минтақа будаанд. Ҳаннон яке аз онҳоро, ки дар Синҷор мубойлфурӯшӣ дошта, шинохтааст. Мегӯяд ӯ беш аз ҳама барои тавҳин ва тамасхури эзадиҳо аз худ моя мегузошт.
"Ба мо мегуфтанд 'эзидиҳо кофаранд. Ҳоло шумо қарор аст мусалмон шавед'. Хеле аз духтарҳоро барои ҳамхобагӣ бо худашон мебурданд."
Доъиш мураттаб занони эзидиро ҷобаҷо мекард. Як ҷо онҳо мардонашонро аз дур диданд, ки ҳамагӣ сабил (бурут)-ҳояшонро тарошида буданд, чун Доъиш сабил гузоштанро ғайриисломӣ медонад.
Ҳаннон мегӯяд духтарони ҷавонтарро зудтар мебурданд, бештарашонро ба Раққа, "пойтахти" Давлати исломӣ дар Сурия мефиристоданд. Билохира навбати худи ӯ ҳам расид.
Ҳафт нафарашонро ба утоқе бурданд, ки зоҳиран қарор буд аз он ҷо ба Раққа бифиристанд. Аз миёни онҳо баъзеро барои таҷовуз ва озори ҷинсӣ мебурданд ва бармегардонданд.
Утоқ муҳофиз дошт, аммо панҷараи утоқро бо плостик пӯшонда буданд. Як шаб онҳо плостикро пора карданд.
"Яке-яке аз панҷара берун паридем. Ман нафари панҷум будам. Берун мунтазири духтари амӯям шудам, аммо дидам чароғе рӯшан шуд. Наметавонистам бештар аз он мунтазир шавам. Аз рӯи девор паридам. Давидам ва пушти сарамро ҳам нигоҳ накардам... Натавонистем ба доди бақия, ки онҷо монда буданд, бирасем."
Ҳаннони ҳиҷдаҳсола мегӯяд мехоста парастор шавад, орзӯе, ки бо ҳуҷуми Доъиш то ҳадди зиёде бар бод рафтааст.
'Ҳар хона яке'
'Хамо', ки дар чодаре дар урдӯгоҳҳои паноҳҷӯён зиндагӣ мекунад, яке аз занони эзидӣ аст, ки баъд аз рабудан ӯро ба шаҳри Раққа фиристоданд. Хамо фирор накард, вале дар ниҳоят хонаводааш бо пардохти боҷе муъодили се ҳазор дулор ба Доъиш озодияшро хариданд.
Ӯ сисола аст ва шарму ваҳшатеро, ки дар рӯзи фурӯхтанаш ба унвони барда бар ӯ ғолиб шуда буд, фаромӯш накардааст. Қиматеро ҳам, ки барои фурӯшаш тавофуқ шуд, ба ёд дорад.
"Даста-даста барои хариди занҳо меомаданд. Наметавонистем дуруст бихобем, чун ҳар вақте аз рӯзу шаб мумкин буд биёянд... Гоҳе духтарҳоро кутакхӯрда ва захмӣ бармегардонданд. Беҳтар, ки мешуданд, дубора онҳоро мефурӯхтанд."
"Гияву зорӣ ва илтимос асаре надошт. Пулҳоро яке аз шайхҳои Доъиш мегирифт. Яке аз онҳо 15 ҳазор динори ироқӣ (13 дулор) нишонамон дод ва гуфт: "Ҳамин қадар меарзед."
Хамо ва духтархолаашро пайкорҷӯе бо худ бурд, ки гузарномаи ғарбӣ дошт. Панҷ зану духтари эзидии дигар ҳам дар хонааш буданд. Издивоҷ карда буд ва ҳамсараш ҳам бо ӯ зиндагӣ мекард.
Қасд дошт бо ду нафар аз занони асири эзидӣ ҳам издивоҷ кунад ва бақия, аз ҷумла Хаморо, ба канизӣ бигирад.
Хамо мегӯяд ҳамсараш бавузӯҳ аз ин вазъият норозӣ буд. Аммо мушкилоти дигаре ҳам вуҷуд дошт.
"Ҳамсояашон омад ва ба ӯ гуфт 'наметавонӣ ҳамаи ин духтарҳоро нигаҳ дорӣ. Бағдодӣ (раҳбари Доъиш) дастур дода, ки дар ҳар хона яке бештар набошад'"
'Поксозии қавмӣ'
Аз маҷмӯъаи гуфтугӯҳои Би-би-сӣ бо занони эзидӣ ин тур ба назар мерасад, ки агар онҳо ислом биёваранд, эҳтимолан сарнивишташон издивоҷи иҷборӣ хоҳад буд, дар ғайри ин сурат, мумкин аст байни чанд узви Доъиш даст ба даст шаванд.
'Ҷанори' бистсола мегӯяд: "Яке аз духтарҳо ёздаҳсола буд. Мураттаб ӯро мезаданд. Аввал ӯро ба як доъишӣ ва баъд ба яке дигар дар Мавсил доданд. Баъд шунидем, ки худро куштааст."
Аз хонаводаи Ҷанор нуҳ нафари дигар, аз ҷумла се духтар ҳанӯз асири Доъиш ҳастанд.
Ҷанор, ки дар канори хоҳари сездаҳсолааш нишаста, мегӯяд: "Вақте Мавсил будем, чанд бор талош карданд моро аз ҳам ҷудо кунанд, аммо нагузоштем ин корро бикунанд."
Мардеро, ки мехост моро бихарад, мешинохтем. Қабл аз ҳамлаи Доъиш коргар буд ва борҳо ба хонаамон омада буд. Вале онҷо дар Мавсил амир шуда буд... Аз ӯ хостем, ки моро аз ҳам ҷудо накунад ва ӯ ҳам мувофиқат кард. Ба бадии бақия набуд, вале бад буд. Кош метавонистам ҳамаашонро тика-тика кунам."
Хизер Домле, фаъъоли эзидӣ, ки ин занонро барои гуфтугӯ ба Би-би-сӣ муъаррифӣ кард, Доъишро муттаҳам мекунад, ки аз ибтидо барои поксозии фарҳанг, мазҳаб ва дудмони эзидиҳо барнома доштааст.
Ӯ мегӯяд, ки улгӯи корашон мушобеҳ буд. Занонро ба теъдоди зиёд як ҷо ҷамъ мекарданд ва баъд ба унвони ғанимати ҷангӣ онҳоро тақсим мекарданд. Ҳаққи интихоб аввал бо пайкорҷӯёни хориҷӣ буд ва баъд бо раҳбарони маҳаллӣ.
"Аъзои маҳаллии Доъиш аз ҳама бадтаранд. Ваҳшиянд. Занони моро чандто-чандто мебурданд... Дунё занону духтарони моро фаромуш карда. Чиро хабаре аз амалиёти байналмилалӣ барои озод кардани онҳо нест?"
