Ду низомии исроилӣ дар ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳ кушта шуданд

  • 29 Январ, 2015
Image copyrightAFP
Image caption Дар ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ҳафт сарбози исроилӣ ҳам захмӣ шуданд

Мегӯяд, ки дар ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба корвони худравҳои гашти ин кишвар дар марзи Лубнон, ду низомии исроилӣ кушта шудаанд ва дар оташи муқобили Исроил як сулҳбони испониёии мустақар дар Лубнон ҷон бохтааст.

Ҳамлаи соъати 11:35-и субҳ рӯзи чаҳоршанбе ба вақти маҳаллӣ дар ноҳияи мазореъи Шибъо, ки тақотуъи марзи Исроил, Лубнон ва Сурия аст, анҷом шуд.

Ҳизбуллоҳ гуфтааст ин ҳамларо "Гурӯҳи шуҳадои Қунайтра" анҷом додааст, ки метавонад талвеҳан ба маънои талофии ҳамлаи маргбори даҳ рӯз пеши Исроил ба аъзои Ҳизбуллоҳ ва яке аз фармондеҳони Сипоҳи Посдорони Эрон дар минтақаи Қунайтра дар Ҷавлони Сурия бошад.

Исроил дар вокуниш ба ҳамлаи Ҳизбуллоҳ, ки субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 28 январ сурат гирифт, манотиқеро дар ҷануби Лубнон гулӯлаборон кард, ки як сулҳбони испониёии Созмони Милал дар ҷараёни ин гулӯлаборон кушта шуд.

Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил пас аз ширкат дар нишасте изтирорӣ бо мақомоти низомӣ ва амниятии ин кишвар ҳушдор дод, ки омилони ҳамлаи имрӯз "баҳои онро хоҳанд пардохт."

Image copyrightAFP
Image caption Ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе дар мазореъи Шиъбо сурат гирифт, ки таҳти ишғоли Исроил аст

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор аст ба дархости Фаронса дар як ҷаласаи изтирорӣ дар Ню-Йурк дар бораи даргириҳо баҳс кунад.

Як мақоми баландпояи Созмони Милал дар Лубнон хостори "ҳадди аксари хештандорӣ барои ҷилавгирӣ аз авҷ гирифтани даргирӣ" шуд.

Исроил ба далели иштибоҳӣ кушта шудани сулҳбонони испониёии Созмони Милал узрхоҳӣ карда ва гуфта, ки Ҳизбуллоҳро масъули ин ҳодиса медонад.

Матолиби муртабит