Исобати рокет ба маросими арӯсӣ дар Ҳилманд понздаҳ кушта барҷой гузошт

  • 1 Январ, 2015
Image copyright
Image caption Бино бар гузоришҳо, дар наздикии маҳалли баргузории арӯсӣ байни сарбозони афғон ва пайкорҷӯёни Толибон даргирии шадде дар ҷараён буд.

Дар пайи исобати рокет ба як маҷлиси арӯсӣ дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, дастикам 15 нафар кушта шудаанд.

Мақомот мегӯянд, ки рокет ба таври иттифоқӣ ба хонае, ки дар он маросими арӯсӣ дар ҳоли баргузор шудан буд, бархӯрд кард.

Ҳадди ақал 40 нафар низ захмӣ шуданд.

Соҳибхона мегӯяд меҳмонон барои истиқбол аз арӯс дар беруни мунзил ҷамъ шуда буданд, ки рокет исобат кард.

Ӯ мегӯяд аз сарнавишти нуҳ нафар аз фарзандонаш беиттилоъ аст.

Маҷрӯҳон ба бемористоне дар Лашкаргоҳ, маркази Ҳилманд, мунтақил шудаанд.

Ин воқеъа рӯзи чаҳоршанбе дар ҳоле рух дод, ки дар он наздикӣ байни сарбозони афғон ва пайкорҷӯёни Толибон даргирии шадиде дар ҷараён буд.

Рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин маъмурияти размии нерӯҳои байналмилалӣ таҳти раҳбарии Омрико дар Афғонистон расман поён ёфт.

Қарор аст, ки аз ин пас нерӯҳои байналмилалӣ фақат дар омӯзиши нерӯҳои афғон мушорикат кунанд ва нақши онон ҳимоятӣ хоҳад буд.

Матолиби муртабит