Ҳизби демукрот чаҳор нафарро ба интихоботи полумонӣ номзад кард

  • 20 Декабр, 2014
Саидҷаъфар ИсмоновImage copyrightBBC World Service
Image caption Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари ҳизби демукроти Тоҷикистон, дар суханронии худ дар анҷумани ғайринавбатии ҳизбаш гуфт, ки давлат ҳанӯз ҳам дар давраи гузор қарор дорад

Ҳизби демукроти Тоҷикистон дар анҷумани ғайринавбатии худ дар шаҳри Душанбе чаҳор нафарро барои ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи марти 2015 номзад кард.

Исми Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари ин ҳизб, дар садри ин феҳрист қарор дошта, сипас асомии Маҳмудҷон Холов, муъовини раҳбари ҳизб, Таваралӣ Зиёзода, муъовини аввали раҳбари ҳизб, ва Аҳмадшоҳи Комилзода, узви шӯрои сиёсии ҳизби демукрот, батартиб дар феҳрист омадааст.

Анҷумани ҳизби демукрот субҳи рӯзи шанбеи 20-уми декабр меҳмонхонаи ГрандОтел баргузор шуд.

Дар ин анҷуман, ки бо ширкати 72 узви ҳизб баргузор шуд, эълом шуд, ки ҳизби демукрот 4980 узв дорад, вале 18 ҳазор дархости узвият ҳоло дар дасти баррасии масъулони ҳизбӣ дар шаҳру навоҳии кишвар аст.

Дар ин анҷуман ба ҷуз аз феҳристи номзадҳои ҳизбӣ барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ дар моҳи марти оянда барномаи пеш аз интихоботи ҳизб низ ба тасвиб расид.

Нозирон мегӯянд бархе аз масоиле, ки дар ин барнома матраҳ шудааст, дар барномаи ҳизби ҳокими халқи демукрот ҳам басароҳат ба чашм мехӯрад. Масалан, баланд бардоштани нақши мақоми аҳзоби сиёсӣ дар низоми сиёсии мамлакат, ё гузарондани интихоботҳои шаффоф ва демукротик, ё муҳокимаи умумии тарҳҳои қонун ва тасмимоти дорои аҳаммияти миллӣ ва ё тавсеъаи ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ.

Бо ин вуҷуд, нукоте дар барномаи демукротҳо ба мушоҳида мерасад, ки бо сиёсатҳои ҳизби ҳоким то андозае мутафовит аст. Масалан, Ҳизби демукрот дар барномааш дар бахши сиёсӣ пешниҳод мекунад, ки "ваколати мақомоти маҳаллӣ васеъ шавад, воридоти маводи сӯхт, хӯрок, иртиботи мубойл ва доруҳои дорои аҳаммияти истротежик бояд ба инҳисори давлат дароварда шаванд."

Яке аз пешниҳодҳое, ки бо сиёсатҳои имрӯзи ҳукумат дар таноқуз аст, роҳандозии низоми хидмати сарброзии қарордодӣ ва барҳам додани қонун дар бораи иҷборӣ будани хидмати низомӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Ин барнома дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисод ба мавзӯъи ислоҳоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоссе дорад.

Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари ба расмият шинохташудаи Ҳизби демукроти Тоҷикистон, дар суханронии худ дар анҷумани ғайринавбатии ҳизбаш гуфт, ки давлат ҳанӯз ҳам дар давраи гузор қарор дорад ва бархе мушкилоте, ки мардум аз онҳо шикоят мекунанд, аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад.

Барои мисол, ӯ гуфт, ки фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя, дар ҳоле ки дар дохили кишвар камбуди барқ маҳсус аст, ба таъаҳҳудоти Тоҷикистон ба муносиботи диплумотики худ марбут аст.

Ҳарчанд бино ба таъкиди таҳлилгарон, аксари интихобкунандагон дар Тоҷикистон дар шароити ногувор ва дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, раҳбари ҳизби демукрот дар суханронии худ ба ин мавзӯъ ишорае накард ва ин масъала дар барномаи интихоботии ҳизб низ дарҷ нашудааст.

То ба ҳол аз ҳашт ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон шаш ҳизб анҷуманҳои худро барои пешниҳоди номзадҳо ба интихоботи порлумонӣ ва тасвиби барномаҳои пеш аз интихоботи худ баргузор кардаанд.

Ҳизби демукроти Тоҷикистон дар соли 2013 раҳбари худ Саидҷаъфар Исмоновро ба интихоботи риёсати ҷумҳурӣ номзад карда буд. Аммо оқои Исмонов дар ин интихобот танҳо як дарсад раъй овард.

Ӯ пас аз интихобот ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳизбаш барои интихоботи порлумонии 2015 омодагии ҷиддӣ хоҳад гирифт: "Маълум мешавад, ки намояндагони мо камтар тайёр набуданд. Ба мо пешгӯиҳо карда буданд, ки 50 дарсади раъйи мардумро хоҳем гирифт. Дигар ин ки мард бояд ҳамеша ҳарифи худро эътироф кунад. Вале мо акнун ба интихоботи порлумонӣ омодагӣ мебинем, дар дигар сатҳ."

Торихчаи ҳизби демукрот

Ҳизби демукроти Тоҷикистон 10 августи соли 1990 таъсис шуд. Дар оғози даҳаи 1990 ва дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 ин ҳизб ҷузъе аз Иттиҳоди мухолифони давлат буд.

Тибқи иттилоъи масъулони ҳизби демукрот, ҳоло теъдоди аъзои ин ҳизб ҳудуди панҷ ҳазор нафар аст.

Дар соли 1997 дар пайи баргузории анҷумани ҳизби демукрот дар шаҳри Олмотии Қазоқистон, ҷонибдорони ин ҳизб ба ду ҷиноҳ – ҷиноҳҳои ба истилоҳ Теҳрон ва Олмотӣ ҷудо шуданд.

Риёсати ҷиноҳи Теҳронро Шодмон Юсуф, раҳбари нахустини ҳизб ва Аъзам Афзалӣ ба уҳда доштанд. Дар соли 1997 ҷонибдорони ҷиноҳи Теҳрон дар вазорати адлияи Тоҷикистон дубора сабти ном шуда ва ба фаъъолият оғоз карданд. Ҷиноҳи Олмотӣ аз сӯйи Ҷумъабой Ниёзов раҳбарӣ мешуд.

Дар анҷумани 8-уми ҳизби демукрот, ки 25 сентябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аъзои ин ду ҷиноҳ муттаҳид шуданд ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров раҳбари ҳизб интихоб шуд.

Дар соли 2003 Ҳизби демукрот танҳо ҳизбе буд, ки ҳамапурсӣ ё реферондум барои ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистонро расман таҳрим кард. Бар мабнои ин ислоҳот, шароити интихоби дубораи раиси ҷумҳурии феълии Тоҷикистон барои ду муҳлати ҳафтсолӣ ба ин симат фароҳам шуд.

Дар соли 2005 Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари вақти ҳизби демукрот, дар Русия боздошт ва баъд аз муддате озод шуд. Баъд аз озодӣ дар Русия вай нопадид шуд ва дертар сар аз боздоштгоҳе дар Тоҷикистон даровард. Сипас, Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро ба иттиҳоми даст доштан дар иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла кӯшиши кудето, барои 23 сол равонаи зиндон кард.

Баъд аз ин, дар суфуфи Ҳизби демукрот ихтилофоти тозае буруз кард. Нахуст, Масъуд Собиров бо баргузории як анҷумани изтирорӣ аз сӯйи ҷонибдорони худ раҳбари ҳизби демукрот интихоб шуд. Сипас, Саидҷаъфар Исмонов, ки аз ҷонибдорони Масъуд Собиров буд, бо баргузории анҷумане ҷудогона аз сӯйи гурӯҳе дигар аз демукротҳо худро раҳбари ҳизби демукрот эълом кард.

Вале Вазорати адлияи Тоҷикистон дар соли 2006 дар остонаи баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурӣ аз миёни се гурӯҳи демукротҳо танҳо ҷиноҳи Масъуд Собировро ба расмият шинохт. Он замон ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров интихоботро таҳрим карда буд.

Талошҳои ҷонибдорони оқои Искандаров барои ҳалли ин қазия натиҷае надод. Баръакс, тибқи ҳукми додгоҳ ин ду ҷиноҳ муваззаф шуданд, ки аз корбурди номи “ҳизби демукрот” дар фаъъолияти худ даст кашанд.

Бо ин вуҷуд, ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров худро ҳизби демукроти воқеъӣ муъаррифӣ мекунанд. Раҳаматулло Валиев, муъовини оқои Искандаров, мегӯяд, ки бештари шохаҳои маҳаллии ҳизби демукрот дар манотиқи Тоҷикистон аз ӯ пуштибонӣ мекунанд.

Аммо дар анҷумани ғайринавбатии ҳизби демукрот, ки 23-юми декабри соли 2012 бидуни ширкати Масъуд Собиров баргузор шуд, ҳудуди 90 узви ҳизб аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмоновро раҳбари ҷадиди худ хонданд.

Ҳарчанд Масъуд Собиров анҷумани ғайринавбатии ин ҳизбро ғайриқонунӣ унвон кард, аммо ширкаткунандагони ин анҷуман, ки дар миёни онҳо намояндагони ҷиноҳҳои мухталифи ҳизби демукрот буданд, ҳизби демукротро аз ин ба баъд "бидуни ҷиноҳ ва ягона" эълом карданд.

Матолиби муртабит