Фаластин узви нозири Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ шуд

  • 9 Декабр, 2014
Image copyrightEPA
Image caption Ташкилоти худгардони фаластинӣ имкони руҷӯъ ба додгоҳро ёфтааст

Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ Ташкилоти Худгардони Фаластиниро ба унвони узви нозир пазируфтааст.

Намояндагони 122 кишварҳои узви Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ дар иҷлоси ахири худ бо қабули Фаластин ба унвони узви нозири ин додгоҳ мувофиқат кардаанд ва ба ин тартиб роҳ барои расидагӣ ба ҷароими таҳти пӯшиши ин додгоҳ дар сарзаминҳои фаластинӣ ҳамвор шудааст.

Ҳавзаи салоҳияти Додгоҳи байналмилалӣ шомили расидагӣ ба иттиҳомоти наслкушӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва ҷиноёти ҷангӣ дар кишварҳои узв ва ё кишварҳое аст, ки парвандаи онҳо аз сӯйи Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба ин додгоҳ ирсол мешавад.

Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ аз чанд сол пеш дар садади узвият дар Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ буд, то аз ин тариқ битавонад иқдомоти давлати Исроил дар сарзаминҳои фаластиниро барои расидагӣ ба ин додгоҳ ирҷоъ диҳад, аммо то кунун дар ин замина муваффақ набудааст.

Ба гуфтаи сухангӯйи иҷлоси ахир, далели қабули Фаластин ба унвони узви нозир ин будааст, ки дар моҳи ноябри соли 2012, Маҷмаъи Умумии Созмони Милал тасмим гирифт мавқеъияти ҳуқуқии Ташкилоти Худгардонро аз узви нозир ба "давлати узв, аммо фоқиди ҳаққи раъй" иртиқо диҳад. Ба ин тартиб, бар асоси мусавваботи қаблӣ маҷмаъи кишварҳои узви Додгоҳи байналмилалӣ, Фаластин метавонад муъоҳидаи узвият дар Додгоҳи байналмилалиро имзо ва тасвиб кунад ва ба унвони узви нозир дар ин додгоҳ пазируфта шавад. То кунун аз назари додгоҳ Ташкилоти Худгардон мустақар дар сарзаминҳои фаластинӣ "мавҷудияте" сиёсӣ маҳсуб мешуд, ки машмули шароити пайвастан ба ин паймон набуд.

Image copyrightEPA
Image caption Фаластиниён метавонанд алайҳи тахаллуфоти Исроил дар сарзаминҳои Фаластин ба додгоҳ шикоят кунанд

Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ бар асоси паймони Рум таъсис шуда, ки дар соли 1998 дар Маҷмаъи Умумӣ ба тасвиб расид ва пас аз он ки теъдоди кофии кишварҳои ҷаҳон ба он пайвастанд, дар соли 2002 иҷроӣ шуд. Ин додгоҳ салоҳияти онро дорад то афрод ва ниҳодҳоиеро ки дар кишварҳои имзокунандаи паймон муртакиби ҷароими мавриди назари додгоҳ мешаванд, таҳти пайгард қарор диҳад, аммо танҳо бо муҷаввизи Шӯрои Амнияти Созмони Милал қодир ба таъқиби муттаҳамон дар кишварҳои ғайри узви аст. Исроил ин паймонро имзо накардааст.

Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ барои нахустин бор дар соли 2009 расман дархости узвият дар ин паймонро таслими додситонии Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ кард, аммо дар соли 2012 саранҷом додситонӣ эълом кард, ки барои узвият дар ин паймон мутақозӣ бояд "як кишвари" шинохташуда бошад ва тасмимгирӣ дар ин маврид, ки оё Фаластинро метавон як кишвари дорои мавҷудияти мустақил донист ё на берун аз салоҳияти ин додситонӣ аст.

Image copyrightReuters
Image caption Иқдомоти афроди ниҳодҳои ҳукуматии фаластинӣ низ қобили пайгард дар додгоҳ хоҳад буд

Матолиби муртабит