Ҳамла ба канисаи яҳудиён дар Байтулмуқаддас чандин кушта бар ҷой гузошт

  • 18 Ноябр, 2014

Гузоришҳо аз Байтулмуқаддас ҳокӣ аз он аст ки чанд фаластинӣ бо сотур ва аслиҳаи дастӣ ҳаддиақал чаҳор яҳудиро дар канисае дар ин шаҳр куштаанд.

Пулиси Исроил мегӯяд ду муҳоҷим ба ин каниса дар ғарби Байтулмуқаддасро куштааст. Гуфта шуда, ки ду нафар аз муҳоҷимон аз Байтулмуқаддаси Шарқӣ буданд.

Се нафар аз кушташудагон шаҳрвандии Омрико ва Исроилро доштанд ва яке аз онҳо бритониёии исроилӣ буд.

Пизишкон дар ҳоли ҳозир саргарми мудовои маҷруҳоне ҳастанд, ки дар ҷараёни ҳамла ба каниса захмӣ шуданд.

Гурдони Абӯалӣ Мустафо, шохаи низомии созмони чапгарои "Ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин" масъулияти ин ҳамларо пазируфтааст.

Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил гуфтаас,т ки кишвараш посухе шадид ба ин ҳамла нишон хоҳад дод.

Оқои Нетонёҳу афзуд, ки Ҳамос ва Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони фаластинӣ масъули таҳрики хушунатҳо ҳастанд.

Давлати Исроил гуфтааст, ки маҳдудиятҳои ҳамли силоҳ барои шаҳрвандони ин кишвар дар ҳангоми дифоъ аз худро коҳиш хоҳад дод.

Ин иқдоми давлати Исроил дар бораи афроде хоҳад буд, ки муҷаввизи ҳамли силоҳ дар ихтиёр доранд.

Маҳмуд Аббос ин ҳамла ба канисаро маҳкум карда, аммо ҷунбиши Ҳамос ва гурӯҳи Ҷиҳоди исломӣ, ки Исроил онҳоро ба унвони гурӯҳе терруристӣ муаррифӣ карда, аз ҳамла ба каниса дар ғарби Байтулмуқаддас ситоиш кардаанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Ҳамчунин дар нуқоте аз Ғазза ширинӣ пахш кардаанд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико ҳам ин ҳамларо маҳкум карда ва онро иқдоме терруристӣ хондааст.

Марвон Барғутӣ аз намояндагони маҷлиси қонунгузории Фаластин гуфтааст, ки Исроил мусаббаби ин хунрезиҳост.

Оқои Барғутӣ гуфтааст, ки давлати Исроил бо иқдомоти худ муҷиби таҳрики фаластиниён шудааст.

Image copyrightAFP
Image caption Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, ки кишвараш посухе шадид нишон хоҳад дод

Ӯ афзуд, ки беш аз ду ҳазор фаластинӣ имсол тавассути артиши Исроил ва шаҳракнишинони яҳудӣ кушта шудаанд.

Ҷеремӣ Буен, сардабири бахши Ховари Миёнаи Би-би-сӣ мегӯяд муҳоҷимон дар ҳамалоти ахири худ аз худрав, табар ва чоқу истифода кардаанд, ки нишон медиҳад онҳо ба далели тадобири амниятии давлати Исроил бумб дар ихтиёр надоранд.

Маҳмуд Аббос дар баёнияи худ гуфтааст, ки замони он фаро расида, ки ба ишғол поён дода шавад. Ӯ хоҳони поён додан ба он чӣ "таҳрикоти" Исроил дар амокини муқаддас хонд, шуд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Як зани яҳудӣ дар наздикии каниса, маҳалле ки ҳамлаи имрӯз рӯй дод

Ҳамос низ гуфтааст, ки ин ҳамла интиқоми марги Юсуф Ҳасан Арромунӣ, ронандаи фаластинии утубус буд, ки ахиран ҷасади ҳалқовезшудаи ӯ дар Байтулмуқаддас пайдо шуд. Хонаводаи ӯ эҳтимоли худкуширо рад кардаанд ва ҳамкоронаш ҳам мегӯянд, ки ӯ ба қатл расидааст.

Ба дунболи афзоиши танишҳо дар Байтулмуқаддас тайи ҳафтаҳои ахир нерӯҳои исроилӣ дар ин шаҳр ба ҳоли омодабош даромадаанд.

Дар ҷараёни ин танишҳо шуморе аз фаластиниҳо ва исроилиҳо кушта шудаанд. Ин танишҳо умдатан бар сари ҳақи ибодат дар амокини муқаддаси шаҳр ва афзоиши сохти шаҳракҳои яҳудӣ дар арозии ишғолии фаластинӣ будааст.

Бахши шарқии Байтулмуқаддас дар ҷараёни ҷанги аъроб ва Исроил дар соли 1967 ба ишғоли Исроил даромад. Давлати Исроил дар соли 1981 Байтулмуқаддаси Шарқиро замимаи хоки худ кард, аммо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ин амрро ба расмият нашинохтааст.

Матолиби муртабит