Як фаластинӣ дар ҳамлаи нерӯҳои Исроил кушта шуд

  • 10 Сентябр, 2014

Ҳамлаи нерӯҳои амниятии Исроил ба як урдугоҳи фаластиниён дар Ромаллоҳ дар Каронаи Бохтарӣ ба кушта шудани як фаластинӣ анҷомид.

Ба гуфтаи манобеъи бемористонӣ, гулӯла ба синаи ҷавоне 22-сола шиллик шуд ва ӯ пеш аз расидан ба бемористон даргузашт.

Артиши Исроил мегӯяд нерӯҳояш қасд доштанд як вобастаи Ҳамосро дар урдугоҳи Амъарӣ боздошт кунанд, ки бо эътирози фаластиниён мувоҷеҳ шуд.

Нерӯҳои исроилӣ бо даҳҳо фаластинии муътариз даргир шуданд.

Яке аз шоҳидони айнӣ ба хабаргузории фаластинӣ гуфтааст, ки муътаризон "нерӯҳои ишғолгарро сангборон карданд ва сарбозон бо гулӯла посух доданд ва чандин нафарро захмӣ карданд."

Артиши Исроил гуфтааст нерӯҳояш дар вокуниш ба "талош барои партоби як шайъи инфиҷорӣ оташ гушуданд."

Бино ба гуфтаи исроилиҳо онҳо дар ниҳоят фаластинии вобаста ба Ҳамосро боздошт кардаанд.