Ба оташ кашидани мадрасаи муштараки аъробу яҳудиён дар Байтулмуқаддас
Image copyrightAFPҲариқи амдӣ дар мадрасае дар Байтулмуқаддас бо вокуниши васеъе рӯбарӯ шудааст.
Ин ҳамла шаби гузашта ( 29 ноябр) дар мадрасае, ки шомили донишомӯзони араб ва яҳудӣ аст, ба вуқуъ пайваст.
Гуфта шуда, ки эҳтимолан ин оташсӯзӣ тавассути гуруҳҳои тундрави яҳудӣ сурат гирифтааст.
Ҳамзамон давлати Исроил ин ҳамларо маҳкум кардааст.
Бар девори ин мадраса шиъорҳое бо мазомини "зиддиарабӣ" дида мешавад.
Аз ин мадраса ба унвони самбуле аз ҳамзистии аъроб ва яҳудиён дар Байтулмуқаддас шаҳре, ки дар моҳҳои ахир саҳнаи даргириҳои густардаи нажодӣ буда, ёд мешавад.
Раиси ин мадраса гуфтааст, ки яке аз клоссҳои аввали ин мадраса бар асари ин оташсӯзӣ башиддат тахриб шуда ва ҳамлакунандагон қасд доштанд, то ин оташсӯзиро ба клоссҳои дигар ҳам бикашонанд, ки муваффақ нашуданд.
Ин мадраса бо 624 донишомӯз дар минтақаи хатти сабзи ҳоил, ки бахши ғарбии Байтулмуқаддасро аз бахши шарқии он ҷудо мекунад, воқеъ шудааст.
Гуфта шуда, ки ин мадраса дар моҳҳои ахир ҳам чандин бор ҳадафи ҳамалоти мухталиф қарор гирифт, аммо ин аввалин боре буд, ки дохили мадраса мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
