Исроил тадобири амниятӣ дар Байтулмуқаддасро ташдид кард

  • 19 Ноябр, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Исроил дар соли 2005 сиёсати худ мабнӣ бар тахриби хонаи пайкорҷӯёни фаластиниро мутаваққиф карда буд, аммо имсол дубора онро аз сар гирифтааст

Исроил хонаи як марди фаластиниро хароб кардааст, ки моҳи пеш бо вонт ба мардуме зад, ки наздики як истгоҳи қатор дар Байтулмуқаддас истода буданд.

Як зан ва як навзоди исроилӣ дар ин ҳамла кушта шуда буданд.

Хонаи ин марди фаластинӣ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ тавассути нерӯҳоииИсроилӣ тахриб шудааст.

Чаро Байтулмуқаддас шаҳри муҳимме аст?

Ин иқдом як рӯз пас аз он сурат мегирад, ки ду фаластинӣ ба канисае дар ғарби Байтулмуқаддас ҳамла карданд ва панҷ нафарро куштанд. Чаҳор хохом ва як пулис дар миёни кушташудагон буданд.

Дар ин ҳамла пулиси Исроил муҳоҷимони фаластиниро куштааст.

Дар ҳамин ҳол эълом шудааст, ки ба дунболи афзоиши танишҳо дар Байтулмуқаддас Исроил тадобири амниятӣ дар ин шаҳрро ташдид кардааст.

Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил аз мардуми кишвараш хоста то муттаҳид бошанд ва дар садади интиқомгирӣ набошанд ва талош накунанд то иҷрои қонунро ба уҳда гиранд.

Бозгушоии каниса

Дар ҳамин ҳол канисае, ки дирӯз ба он ҳамла шуд, бозгушоӣ шуда ва яҳудуён барои ибодат бори дигар ба он баргаштаанд.

Image copyrightAFP
Image caption Канисае, ки дирӯз ба он ҳамла шуд, бозгушоӣ шудааст

Нерӯҳои амниятӣ дар атрофи ин каниса дар ғарби Байтулмуқаддас ҳузур доштанд.

Ҳафтаҳост, ки Байтулмуқаддас дучори таниш шуда, ки бахши умдае аз ин танишҳо бар сари амокини муқаддаси шаҳр ва ҳақи ибодат дар онҳо аст.

Бинёмин Нетонёҳу шаби гузашта қавл дод, ки дар "набард барои Урушалим" пирӯз шавад ва афзуд, ки "ҳисобро бо так таки терруристҳо соф хоҳад кард."

Нахуствазири Исроил гуфт "дастур дода хонаи фаластиниёне, ки дар куштори рӯзи сешанбе даст доштанд, тахриб ва раванди хароб кардани хонаи авомили ҳамалоти қаблӣ тасреъ шавад."

Ӯ афзуд, ки дастур дода то тадобири амниятӣ дар хиёбонҳои Байтулмуқаддас ташдид шавад.

Исроил дар соли 2005 сиёсати худи мабнӣ бар тахриби хонаи пайкорҷӯёни фаластиниро мутаваққиф кард. Ин таваққуф пас аз он сурат гирифт, ки як ҳайати расидагикунанда эълом кард, ки чунин иқдомоте, монеъ аз ҳамалот намешавад.

Ин сиёсати Исроил имсол дубора аз сар гирифта шуд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз ин сиёсати давлати Исроил интиқод кардаанд ва гуфтаанд, ки ин иқдом намунае аз муҷозоти дастаҷамъӣ аст ва шомили аъзои хонаводаи ҳамлакунандагон мешавад, дар ҳоле ки бисёре аз онҳо нақше дар ҳамалот надоштаанд.

Матолиби муртабит