Вазирони хориҷаи Эрон ва Омрико мулоқот карданд

  • 15 Октябр, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Мулоқоти Зариф, Аштун ва Керрӣ дар ҳошияи нишасти дурӯзаи Вийен сурат гирифт

Вазири хориҷаи Эрон ва Омрико дар Вийен дидор кардаанд.

Рӯзи чаҳоршанбе, 23 меҳр (15 октябр), Муҳаммадҷаводи Зариф ва Ҷон Керрӣ, вазирони хориҷаи Эрон ва Омрико, ҳамроҳ бо Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо дар нишасте сеҷониба дар Вийен дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон музокира карданд.

Музокироти сеҷоибаи ҳайати эъзомии Эрон, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо аз баъд аз зуҳри сешанбе дар Вийен ҷараён дошта ва рӯзи чаҳоршанбе воҳиди марказии хабар ба нақл аз манобеи эронӣ гуфт, ки ин нишаст ки қарор буд ду рӯз ба тӯл анҷомад, ба манзури ширкати тамомии аъзои гурӯҳи 5+1 як рӯз тамдид шуда ва дар рӯзи панҷшанбе низ идома хоҳад дошт.

Музокироти сеҷониба дар сатҳи муъовинони вазирони хориҷаи Эрон ва муъовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо дар ҳутели Кубурги Вийен баргузор шуда, аммо мушаххас нест, ки музокироти намояндагони Эрон ва гурӯҳи 5+1 дар чӣ сатҳе сурат хоҳад гирифт.

Гурӯҳи 5+1 муташаккил аз кишварҳои узви доими Шӯрои амният - Омрико, Бритониё, Чин, Русия ва Фаронса - ҳамроҳ бо Олмон ба сарпарастии Иттиҳодияи Урупо вазифаи ҳаллу фасли парвандаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломиро бар уҳда гирифтааст.

Рӯзи сешанбе Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ ҳангоми вуруд ба Вийен гуфт, ки ин даври музокирот метавонад роҳро барои расидан ба тавофуқи ниҳоӣ ҳамвор кунад, ҳарчанд афзуд, ки интизор надорад нишасти ҷории Вийен ба тавофуқи ниҳоӣ мунҷар шавад.

Image copyrightAP
Image caption Музокироти Вийен барои ду рӯз барномарезӣ шуда буд, аммо ба гуфтаи мақомоти эронӣ як рӯзи дигар тамдид шудааст

Оқои Зариф ёдовар шуд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон гуфтааст, ки дар бораи асли мавзуъ тафоҳуми куллӣ вуҷуд дорад ва афзуд, ки "он чӣ, ки дар чанд даври ахир дар хусуси он баҳс ва гуфтугӯ шудааст, дар бораи ҷузъиёт будааст." Вай мавзуъоте монанди ҳаҷми ғанисозӣ ва замонбандӣ ва чигунагии лағви таҳримҳои хориҷӣ алайҳи Эронро аз ҷумлаи ҷузъиёти муҳим унвон кард.

Дар моҳи ноябри соли гузашта Эрон ва гурӯҳи 5+1 ба як тавофуқи муқаддамотии шашмоҳа даст ёфтанд, ки бар асоси он Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари таълиқ ва тағйир дар бархе фаъолиятҳои ҳастаӣ иҷоза ёфт ба бахше аз дороиҳои масдудшудаи худ дар хориҷ даст ёбад. Тавофуқи муқаддамотӣ аз моҳи январ иҷроӣ шуд бо ин интизор, ки зарфи шаш моҳи баъд ду тараф ба тавофуқи ниҳоии шомили рафъи комили нигаронии ҷомеъаи байналмилалӣ дар мавриди моҳияти фаъолиятҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари лағви тамомии таҳримҳои хориҷӣ даст ёбанд.

Дар ин муҳлат тавофуқи ниҳоӣ ба даст наомад ва тавофуқи муқаддамотӣ ба муддати шаш моҳи дигар то 24 ноябр тамдид шуд.

Рӯзи гузашта Майкл Мон, сухангӯи Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ва сарпарасти музокироти гурӯҳи 5+1 ба нақл аз вай гуфт, ки тамомии талоши худро барои ҳусули тавофуқ то муҳлати таъиншуда ба кор хоҳад гирифт. Оқои Мон афзуд: "Ин мавзуъ аз ҳар ҷиҳат аҳамияти бисёр дорад." Рӯзи гузашта Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико низ гуфт, ки тасаввур намекунад дастёбӣ ба тавофуқ бо Эрон дур аз дастрас бошад.

Воҳиди марказии хабар ба нақл аз оқои Мон афзудааст,ки рӯзи чаҳоршанбе дидоре дуҷониба байни оқои Зариф ва хонум Аштун сурат хоҳад гирифт ва вазири хориҷаи Омрико ҳам ба ин нишаст мулҳақ хоҳад шуд.

Матолиби муртабит