Маъмулӣ шудани дастрасӣ ба интернет ва тадобири амниятӣ дар Тоҷикистон

Дар ду рӯзи ахир дастрасии корбарон ба бархе аз сойтҳои иҷтимоъӣ ва хабарӣ дар Тоҷикистон, ки қаблан филтер шуда буд, имконпазир шуд.
Тайи рӯзҳои ахир гузориш шуда буд, ки сокинони Тоҷикистон ба далоили номаълум аз дастрасӣ ба сойтҳои “Facebook”, “Vkontakte”, Википедия ва сойтҳои хабарии “TojNews”, “CA-News”, “Faraj” ва “Asia Plus” ва даҳҳо сойти дигар маҳрум шуданд.
Талошҳои мо барои пайдо кардани шарҳи ин мушкил дар Ожонси мухобироти Тоҷикистон, ки танзимгари бозори ироъаи хадамоти интернетӣ ва телефунҳои мубойл дар кишвар аст, бенатиҷа монд.
Бархе аз ширкатҳои ироъакунандаи хадамоти интернетӣ гуфта буданд, ки ин мушкил ба далели фаннӣ рух дода, вале бархе дигар дар сӯҳбати бидуни сабт изҳор доштанд, ки дар заминаи масдуд кардани дастрасӣ ба ин сойтҳо аз Ожонси мухобирот "тафсия" дарёфт кардаанд.
Бег Сабурӣ, раиси ин ожонс чанд рӯз қабл ба расонаҳо гуфта буд, дастрасӣ ба “Facebook” танҳо аз рӯзи душанбеи 13-уми октябр имконпазир хоҳад шуд. Ҳарчанд оқои Сабурӣ далели ин амрро шарҳ надод. Аммо ба бовари соҳибназарон далели ин вазъ даъвати гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон аз сокинони Тоҷикистон барои ширкат дар як тазоҳуроти эътирозӣ дар тоърихи 10-уми октябр будааст.
Зимнан, дар рӯзи 10-уми октябр ширкатҳои ироъакунандаи хадамоти телефунҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон сервиси ироъаи пайёмакҳоро низ масдуд карда буданд. Вале ин сервис аз субҳи рӯзи 11-уми октябр аз сар гирифта шуд.
Дар ҳамин ҳол, тӯли чанд рӯзи ахир сокинони вилояти Суғд аслан ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ надоштанд. Вале аз шоми рӯзи шанбе ин имконият низ дубора дастрас шуд.
Дар ин миён дар Тоҷикистон, бавижа шаҳри Душанбе - пойтахт дар рӯзҳои 8, 9, ва 10-уми октябр тадобири амниятӣ ба сурати чашмгир ташдид шуда буд. Расонаҳои хориҷӣ аз эҳтимоли сар задани инқидоби рангӣ дар Тоҷикистон гузориш медоданд ва бархе аз расонаҳои Русия хабар доданд, ки барои пароканда кардани эътирозоти эҳтимолӣ давлати Тоҷикистон аз Чин 800 сарбоз ба пойтахти Тоҷикистон ворид кардаанд.
Расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон низ дар бораи вуруди ин сарбозон ба Тоҷикистон тавассути устони Бадахшон хабар дода буданд. Дар ҳафтаи гузашта нерӯҳои вижаи пулис дар хиёбонҳои Душанбе амалиёти ҷилавгирӣ аз баргузории ҳамоиши эътирозиро тамрин карданд. Тӯли ин рӯзҳо дар хиёбонҳо таҷаммуъи кормандони пулис бо силоҳ мушоҳида мешуд. Дар ҳар дарвозаи вурудӣ ба пойтахт зиреҳпушҳо ҷобаҷо шуда буданд.
Бо ин вуҷуд 10-уми октябр майдони марказии шаҳри Душанбе беш аз пеш хилват буда ва тибқи мушоҳидаҳои хабарнигорон гоҳо дар хиёбонҳои марказӣ кормандони пулис бештар аз сокинони маъмулӣ ба чашм мехурданд.
Коршиносон мегӯянд, даъвати ахири мухолифони давлати Тоҷикистон барои тазоҳурот давлатро ин бор беш аз пеш нигарон сохта буд. Зеро ба ҷуз аз тадобири амниятӣ мақомот дар масоҷид ва донишгоҳҳои кишвар низ сӯҳбатҳои пешгирикунанда аз эътироз баргузор карднд.
Имом хатибон ва устодон дар масоҷид ва донишгоҳҳои кишвар аз ҷавонон хостанд, ки ба ҳеҷ вачҳ ба эътирозоти мухолифони муқими хориҷ аз кишвар напайванданд, сӯҳбат мекарданд.
Ҳамакнун пас аз 10-уми октябр, ки ҳеҷ эътирозе дар шаҳри Душанбе барпо нашуд дастрасӣ ба сойтҳои филтершудаи хабарӣ кам-кам боз шуда ва маъмурони пулис низ ба наҳваи маъмулии хидмати худ баргаштаанд.
