Рӯҳонӣ: Аз истизоҳи вазири улум набояд касе асабонӣ шавад
Image copyrightISNAҲасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, дар аввалин вокуниш ба истизоҳи вазири улум гуфта, ки дӯст доштам вазири улум раъйи эътимод бигирад, аммо "мо дар чорчӯби қонун раъйи аксарияти намояндагон ҳар чи бошад мепазирем ва дар мавриди қонунгузорӣ ҳам таслим ҳастем."
Ба гуфтаи оқои Рӯҳонӣ "бар асоси қонуни як вазир раъйи эътимод мегирад ва мумкин аст як вазири дигар истизоҳ шавад, аммо набояд касе асабонӣ шавад, чун ҳама пазируфтаем, ки мехоҳем бо ҳам кор кунем."
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Эрон "агар аз чорчӯби қонун хориҷ шавем, зарараш бештар аст ва лаҷбозиву муқовимати беҷо натиҷа нахоҳад дошт."
Ин суханони оқои Рӯҳонӣ бо вокуниши мусбати Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлис, рӯбарӯ шуда ва изҳороти раиси ҷумҳурро "санҷида" арзёбӣ кардаст.
Ба гуфтаи оқои Лориҷонӣ, "бояд ин гуна мавзеъгириҳоро ба унвони пояе қарор дод, ки вақте Маҷлис дар як мавзӯъе назари ниҳоӣ дод, ин амр омиле барои ҳаракатҳои баъд бошад ва ҳама аз он истиқбол карда ва ба он эҳтиром бигузоранд."
Раиси маҷлис ибрози умедворӣ карда, ки "рӯйкарди писандидаи" раиси ҷумҳур ба равобити давлат ва Маҷлис кумак кунад.
Маҷлиси Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 20 август Ризо Фараҷии Доно, вазири улум, таҳқиқот ва фановариро истизоҳ ва аз кор барканор кард. Баъд аз он оқои Рӯҳонӣ, Муҳаммадалии Наҷафиро ба унвони сарпарасти вазорати улум муъаррифӣ кард.
Баъд аз истизоҳи вазири улум оқои Фараҷии Доно ба симати мушовири раиси ҷумҳур мансуб шудааст ва оқои Рӯҳонӣ гуфт, ки оқои Фараҷии Доно "ҷузви фарҳехтагони донишгоҳи мо буда ва ҳаст ва бояд аз таҷрубиёташон истифода кунем, чи ба унвони вазири улум ва чи имрӯз ба унвони мушовири раиси ҷумҳур."
Муҳаммадалии Наҷафӣ, сарпарасти вазорати улум, яке аз се вазири пешниҳодии кобинеи Ҳасани Рӯҳонӣ буд, ки натавонист барои вазорати омӯзишу парвариш аз Маҷлис раъйи эътимод бигирад.
Оқои Наҷафӣ аз сиёсатмадорони бособиқаи эронист, ки солҳо вазири улум ва вазири омӯзишу парвариш будааст ва дар кобинеи оқои Рӯҳонӣ низ муддате муъовинати раиси ҷумҳур ва раёсати Созмони мероси фарҳангиро бар уҳда дошт. Ӯ пеш аз ин ки сарпарасти вазорати улум шавад, уҳдадори раёсати ситоди иқтисоди давлат буд.
