Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон даъват шуд

  • 18 Март, 2014
Ҳасани РӯҳонӣImage copyrightAFP
Image caption Президент Раҳмон Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эронро, ба Тоҷикистон даъват кардааст

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, даъват кардааст, ки дар фурсати муносиб аз ин кишвар дидор кунад.

Ин даъват дар паёми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳамтои эронияш, таъкид шудааст.

Ин паёми Президент Раҳмон рӯзи душанбеи 17 март аз ҷониби Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон, ба раиси ҷумҳурии Эрон тақдим шудааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбӯъотии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, оқои Аслов дар ҷараёни дидор бо Ҳасани Рӯҳонӣ дар шаҳри Теҳрон Эронро "аз муҳиммтарин шарикони иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон" хонда ва гуфтааст, ки бо сармояи Эрон тарҳҳои муҳими зиёде дар Тоҷикистон иҷро мешаванд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо алоқамандии худро ба тавсеъаи ҳамкориҳои мухталиф миёни ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, аз ҷумла дар бахшҳои илму маъориф ва фарҳанг, иброз доштаанд.

Зимнан, Сироҷиддин Аслов дар ҷараёни дидораш аз Эрон бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷа ва Ҳамид Читчиён, вазири нерӯи ин кишвар, низ мулоқотҳо анҷом додааст.

Дар ин мулоқотҳо масоили амниятӣ, бахусус муборизаи муштарак алайҳи терурисм ва бунёдгароӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва масоили марбут ба нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ва тунели “Истиқлол”-ро матраҳ шудааст.

Феълан ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисодӣ ва энержӣ тавсеъа ёфта, Эрон дар заминаи бунёди роҳи оҳан ва интиқоли нафту гоз ва нерӯи барқ бо Тоҷикистон асноди ҳамкорӣ имзо кардааст.

Аз ҷумла, дар чорчӯби мувофиқатномаи соли 2005, дар рӯдхонаи Вахш, дар ҷануби Тоҷикистон, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" бунёд шудааст. Дар ин тарҳ саҳми Эрон 180 милюн ва саҳми Тоҷикистон 40 милюн дулорро ташкил медиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин кишвар ба ҷалби сармояи Эрон дар бахшҳои коркарди маҳсули олуминиюм, панба, чарм, пилла ва меваю сабзиҷот алоқаманд буда, барои сармоягузорон имтиёзҳои зиёде, назири муъоф будан аз пардохти анвоъи мухталифи молиёт ва аворизи гумрукӣ пешбинӣ шудааст.