Маҳфили шеъри Фарзона дар хонаи адибон дар Душанбе
Image copyrightBBC World ServiceРӯзи панҷшанбеи 19 июн дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе маҳфили эҷодии Фарзонаи Хуҷандӣ, шоъири маъруф ва соҳиби ҷоизаи Рӯдакӣ, баргузор гардид.
Дар ин маҳфил адибону нависандаҳо ва алоқамандони ашъори Фарзона ва шуморе аз овозхонҳо, ки аз ашъори ин шоъир оҳанг иҷро мекунанд, ширкат доштанд.
Гулрухсор Сафӣ, шоъири шинохта, ки дар ин маҳфил ҳузур дошт, гуфт: "Ин маҳфил дарси хубе буд барои онҳое, ки зиёд талош мекунанд, то садо баланд кунанд, то таваҷҷуҳи бештаре ба шахсияти худ ҷалб кунанд ва соҳиби ҷоизаву унвон шаванд."
Вай афзуд: "Фарзона тамоми ҷоизаҳо ва унвонҳоро дар Тоҷикистон гирифта, аммо бе хурдтарин талош ва худнамоӣ, танҳо бо ҳунару истеъдоди худододаш."
Ҳамчунин хонум Сафӣ пешниҳод кард, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд як курсӣ (кафедра) барои Фарзона таъсис бидиҳанд, то барои донишҷӯён ва шоъиру нависандаҳои оянда аз ҷаҳони шеъру адабиёт дарс биёмӯзад.
Вай гуфт: "Ончунон, ки Лоиқ Шеръалӣ дар пешгуфтори яке аз нахустин китобҳои шеъри Фарзона мегӯяд: "Аз машқҳои нахустини шогирдона андаррасидани шоъира ба халлоқияти шеър гапи сода нест."
Дар ҳамин ҳол, ахиран як китоби шеъри Фарзона дар Эрон бо номи “Набзи борон” ба чоп расида ва мавриди истиқболи зиёди хонандагони навандешу аҳли зиё гардидааст.
Муҳаммадризои Тоҷдинӣ, устоди донишгоҳи Тоҷикистон, мегӯяд: "Фарзона ба назари ман шоъирест, ки рамзҳои ирфони ошиқона ҳамчун Боязиди Бастомӣ, Ибни Арабӣ, Саноӣ, Ироқӣ, Аттор ва Мавлоноро воқеъан ошиқона ва тоҷиконаву орифона аз тариқи шеърҳояш баён мекунад."
Нахустин маҷмӯъаи шеъри Фарзона таҳти унвони “Тулӯъи хандарез” дар соли 1987 ба дасти алоқамандони каломи бадеъ расида ва баъдан дар солҳои мухталиф китобҳои зиёде бо номҳои "Қатрае аз Мулиён”, “Муҳри гули мино”, “Ояти ишқ”, “Шабохуни барқ” , “То бекаронаҳо”, "Меъроҷи шабнам”, “Шабохуни барқ”, “Гулчини ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ”, “Фасли ғуруби орзу”мунташир шудаанд.
Китоби охираш бо номи "Дарёи сӯзон" мунташир шуда, киба гуфтаи мунтақидони адабӣ, ба дили ҳазорҳо алоқамандони ҳунараш роҳ ёфтааст.
Дар соли 2001 бо тасмими раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои заҳматҳо дар ҷоддаи шеър ва рушди адабиёти муъосир ба Фарзона унвони Шоъири халқи Тоҷикистон дода шуд.
Ҳамчунин Фарзона соҳиби ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода ва нишони “Шараф” аст.
