Иқтисоди Эрон "аз вазъияти манфӣ даромада босубот мешавад"

  • 28 Апрел, 2014
Image copyrightiStock

Муассисаи молии "Копитол Интелиҷенс" баровурд кардааст, ки чашмандози иқтисодии Эрон дар ояндаи наздик аз вазъияти манфӣ ба ҳолати босубот тағйир мекунад.

Ин муассиса, ки дар Дубай фаъъолият дорад, далели ин арзёбии мусбатро коҳиши нисбии мухотироти сиёсӣ алайҳи Эрон дар пайи тавофуқи атумии Женев байни Эрону Гурӯҳи 5+1 ва лағви муваққатии баъзе аз таҳримҳои байналмилалӣ донистааст.

Бар асоси арзёбии "Копитол Интелиженс", дар сурати беҳбуди мудирияти иқтисодӣ, сохтори иқтисоди калони Эрон ба сӯйи субот пеш хоҳад рафт.

"Копитол Интелиженс" яке аз муассисоти эътиборсанҷии умдаи байналмилалӣ монанди "Истонторт пуверз" нест, ки ба таври мустамар чашмандози молӣ ва иқтисодии кишварҳоро таҷзия ва таҳлилу арзёбӣ мекунанд.

Ин муассиса гуфтааст, ки пешрафти музокироти атумӣ эҳтимоли ташдиди таҳримҳои Эрон дар ояндаи наздикро коҳиш додааст.

"Копитол Интелиженс" баровурд мекунад, ки лағв шудани баъзе аз таҳримҳо ҳам ҳудуди милёрд дулор ба иқтисоди Эрон кумак кунад, ки рақаме муъодили ду дарсади тавлиди нохолиси дохилии Эрон аст.

"Копитол Интелиженс" мегӯяд арзиши риёл дар баробари арзҳои байналмилалӣ ҳам аз сайри нузулӣ хориҷ шуда ва нархи таварруми 30 дарсадии Эрон ҳам рӯ ба коҳиш аст ва эҳтимол то ду соли дигар ба ҳудуди 20 дарсад хоҳад расид.

Ба ҳамин хотир, "Копитол Интелиженс" натиҷа гирифта, ки чашмандози иқтисодии Эрон дар ояндаи наздик аз вазъияти манфӣ ба ҳолати босубот тағйир кунад, ба иборате, дучори ташаннуҷ ва навасоноти шадид нашавад.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз иқтисоддонон ба андозаи коришносони "Копитол Интелиҷенс" ба чашмандози иқтисоди Эрон хушбин нестанд.

Комрони Додхоҳ, устоди иқтисод дар донишгоҳи Нурт Истерни Бустун мегӯяд: "Иқтисоде, ки пешбинӣ мекунанд, ки дар ду-се соли оянда 20 дарсад таваррум хоҳад дошт, калимаи мутаъодил ва босубот ба кор бурдан дар борааш кори дурусте нахоҳад буд."

Соли гузашта нархи таваррум дар Эрон аз марзи 40 дарсад ҳам гузашта буд. Барои муқобила бо он буҳрон давлати Ҳасани Рӯҳонӣ будҷае инқибозӣ дар пеш гирифт ва умедвор аст, ки битавонад таваррумро то 25 дарсад коҳиш диҳад.

"Копитол Интелиҷенс" пешбинӣ кардааст, ки бо идомаи раванди ҷорӣ аз соли мелодии оянда (2015) раванди рушди иқтисодии Эрон дар миқёсе кучак аз сар гирифта шавад.

Ин муассиса мегӯяд, ки бидеҳиҳои давлати Эрон андак ва дороиҳои хориҷиаш қобили мулоҳиза аст, аммо таҳримҳои байналмилалии дастрасии Эрон ба ин сармояҳояш дар хориҷро б таври ҷиддӣ маҳдуд карда.

Ҳусейни Аскарӣ, иқтисоддон дар донишгоҳи Ҷурҷ Вошингтун ба Би-би-сии форсӣ мегӯяд, ки таҳримҳо омили аслии нобасомонии иқтисодии Эрон нест, балки ба гуфтаи ӯ, мушкили умдаи заъфи мудирият аст, ки баъид аст дар ояндаи наздик беҳтар шавад.

Ӯ мегӯяд: "Дар зарфи шаш моҳи гузашта чизе дар иқтисоди Эрон тағйир накарда. Бале, Эрон раиси ҷумҳури ҷадиде дорад, аммо оё рушди иқтисодаш бисёр болотар хоҳад буд? Нархи бекорӣ дар Эрон ба таври чашмгире коҳиш хоҳад ёфт?"

Ба гуфтаи ин иқтисоддон, ҳатто агар баъзе ширкатҳои хориҷӣ ҳам ба Эрон бозгарданд, ҳадафи аслии онҳо фурӯши коло ва арзаи хадамот хоҳад буд, на сармоягузориҳои калон ва таъсиргузор.

Бозори Эрон ахиран шоҳиди навасони тозаи баҳои арзҳои умда будааст, навасоноте, ки ба гуфтаи Бонки марказии Эрон "ин навасон зудгузар ва муваққатӣ аст."

Муассисаи "Копитон Интелиҷенс" ҳам пешбинӣ карда, ки иқтисоди Эрон рӯ ба субот гом бармедорад, ҳарчанд ин субот ё ҳамон адами ташаннуҷ ва навасоноти шадид ба бовари аксари коршиносон, эҳтимолан дар ояндаи наздик бар зиндагии мардуми оддӣ асаре малмус нахоҳад гузошт.

Матолиби муртабит